Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
менависад: «Модели ғарбии инкишоф имрӯз ҳатто барои худи ғарбиён мувофиқ намебошад».
Натоиҷи манфие, ки имрӯз Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ММ ба даст
овардаанд, ҳамон кӯтоҳандешӣ ва нобиноии стратегии ҳокимиятдории роҳбарони
тоҷикӣ лаганбардори солҳои 80-90-уми Шӯравӣ мебошад, ки баҳри иҷрои
нақшаи бемайлону беасоси истеҳсоли пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ва
худсафедкунӣ карда буданд. Азаматпарастӣ, якказироатии пахта ба он оварда
расонид, ки имрӯз қариб тамоми заминҳои обёришавандаи пахта қобилияти
барқароршавии табииро надошта, новобаста ба зиёдшавии чандқаратан
хароҷотҳои капиталию ҷорӣ ҳосилнокии миёнаи пахта ба 15 — 17 сентнерӣ
расидааст, ки он қариб 70% хароҷотҳоро рӯйпӯш мекунаду халос. Аз ин нигоҳ,
мо бояд андешаи онро намоем, ки харобшавии экологӣ на фақат дараҷаи
инкишофро паст мегардонад, балки онро ба нестӣ оварда расониданаш ҳам
эҳтимол дорад. Чунончӣ, профессор Папенов К.В. қайд мекунад: «вайроншавии
бевоситаи муҳит ин харобшавии ҳаво, об, замин, олами растанӣ ва ҳайвонот,
саломатии одамон мебошад. Ҳамаи ин омилҳо бевосита ва ё бавосита дар
ҷараёни истеҳсоли мол иштирок менамоянд ва омили муҳиту истеҳсолотро
ташкил медиҳанд».1
Аз ин ҷост, ки имрӯз дар аксари мамолики дунё вайроншавии ҳолати экологӣ сабаби асосии пастравии инкишофи иқтисодӣ гардида, ҳудуди халалрасонии одамон ба муҳити табиат ва сарватҳои табий хеле зиёд гаштаанд ва хатарҳои байналмилалиро низ ба майдон овардаанд. Хушкшавии баҳри Арал, хатари кандашавии кӯли Сарез, зиёдшавии бемориҳои гузарандаи аҳолӣ, шӯрашавии бемайлони замини кишт ва дигарон мисоли ин хатарҳоянд.
Бояд қайд кард, ки инкишофи демографӣ ва инкишофи иқтисодӣ ҳанӯз нуқтаи ниҳоии худро намедонад ва беканор аст. Имрӯзҳо соле афзоиши мутлақи миёнаи аҳолӣ дар ҷаҳон зиёда аз 90 миллион одамро ташкил намуда, истеҳсоли иқтисодӣ бошад, ба ҳисоби миёна танҳо 5 – 6% мебошаду халос.
Аз масоилҳои дар боло овардашуда маълум мегардад, ки дар концепсияи
рушди босуботи иқтисодӣ, масоили ташкили ҳокимиятдорию роҳбарии мақоми
асосӣ дорад. Мо акнун тарзу усули хоҷагидориро бояд интихоб намоем, ки
1 Папенов К.В. Эколого-экономические проблеми Европи: возможности решения. /Вестник МГУ, 1994, №2, с.54

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо