Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Ташкили шаклҳои нави хоҷагиҳои агросаноатӣ вобаста ба минтақабандӣ, маданияти зироатчигӣ ва чорводорӣ, урфу одат ва анъанаи таърихии миллати тоҷик.

  2. Ташкили қоидаи умумии экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани системаи шаффофи роҳбарӣ ва ахборӣ ва хоҷагидорӣ.

  3. Ташкили маданияти баланди заминдории тоҷикона ва истифодабарии самараноки захираҳои обӣ.

  4. Ташкили шаклҳои дурусти молиягузории рушди босуботи кишоварзӣ ва ҳокимиятдорӣ.

Амалигардонии пурраи равандҳои дар боло номбаршудаи рушди босуботи иқтисодии соҳаи агросаноатии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки мо дар солҳои наздик аз бӯҳрони соҳаи кишоварзӣ баромада, инкишофро таъмин созем. Чунин масъалагузорӣ бояд асоси қарори идоравии ҳар як роҳбари хештаншиноси ин соҳа гардад. Оид ба манфиатҳои бевоситаи ин равандҳо, мо дар мавзӯъҳои оянда бароятон гуфта мегузарем.

58.2. Маҳдудияти сарватҳои табиӣ ва афзоиши
талаботҳои иқтисодӣ

Баъди аз байн рафтани сохтори давлатдорӣ ва иқтисоди нақшавии Шӯравӣ Тоҷикистон дар ҳолати бӯҳрони иҷтимоӣ - иқтисодӣ қарор дошт, ки асосашро бӯҳрони муносибатҳои заминдорӣ ташкил мекунад. Дар баробари ин, бӯҳрони аграрӣ ба бӯҳрони экологӣ табдил ёфтааст. Аз он ҷумла, вайроншавии қабати гумусии хок, обгунҷоиши замин, баланд шудани сатҳи обҳои зерзаминӣ, ифлосшавии обҳо баъди обёрии заминҳо, кӯҳнашавӣ ва фарсудашавии қубурҳои обгузар, пур шудани ҷӯи захбурҳо, зиёд гаштани бемориҳои зироат ва чорво, ифлосшавии муҳити зист аз номгӯи масоили экологию иқтисодӣ мебошанд, ки вобаста аз истифодаи замин ба вуқӯъ пайваста, оқибатҳои манфии худро на фақат ба соҳаи кишоварзӣ, балки ба тамоми самтҳои дигари иқтисодиёт, аз он ҷумла ба самаранокии кори менеҷменти соҳаҳо ва саломатии аҳолӣ зиён расонидааст.

пешина
аз 463
навбатӣ