Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

босуботи иқтисодию экологиро таъмин месозанд ва бо ин роҳ ба чунин дастовардҳо метавон ноил гашт:

  1. Имкони истифодабарии заминро маҳз шахсоне пайдо месозанд, ки онҳо дониши махсуси касбӣ ва зинаи роҳбариро соҳибанд ва хоҳиши бевоситаӣ дар замин кор кардан доранд. Инчунин онҳое, ки имкони хоҷагиҳои мустақили кишоварзиро пайдо карда, самаранокии истифодаи замин ва сифати маҳсулотро баланд мегардонанд.

  2. Мавҷудияти рақобат дар бозори истифодаи замин, талаботҳои истифодаи заминро баланд бардошта, дараҷаи даромаднокии корхонаҳоро таъмин менамояд ва истифодаи усули навини хоҷагидорӣ, системаи инноватсионии зироатчирию чорводориро амалӣ мегардонад.

Ҳамин тариқ, гузаронидани ислоҳоти дурусти замин дар 5 – 10 соли оянда шаклу намуди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили менеҷмент ва сохтори иҷтимоии кишоварзиро тағйир дода, ҳолати тамоман нави муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва экологиро ба майдон меорад, ки ба талаботи рушди босуботи хештаншиносӣ ва ҳокимиятдорӣ мувофиқ мебошад.

Сохтори ҳокимияти аграрӣ инъикоси ҷомеае мебошад, ки ба он ворид аст. Бинобар ин, дар кадом мамолике набошад, масоили аграрӣ қисми ҷудоношавандаи масоили ҷамъиятӣ буда, донистани ин масоил барои роҳбари хештаншиноси менеҷменти тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои халқи мамлакат шарти зарурӣ ҳисоб меёбад. Аз тарафи дигар, маданияти заминдорӣ ин инъикоси маданияти қадима, урфу одат ва анъанаи мардум мебошад, ки ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта омадааст.

Мисолҳои бисёреро аз таърихи заминдории мардуми тоҷик овардан мумкин аст, ки солҳои 30-50-уми асри гузашта мардуми кӯҳистони тоҷикро барои пахтакорӣ ба водии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб маҷбуран муҳоҷир карда буданд. Аммо баъди 70 – соли пахтакорӣ, мардум баробари каме имкони ҳуқуқӣ пайдо кардан, охири солҳои 90 – уми асри гузашта, боз аксарият ба ҳамон деҳаҳои бобоии худ баргашта, ба ташаккули усули анъанавии заминдории аҷдодии худ машғул гаштанд. Ин нишони он аст, ки заминдорӣ хусусияти хоси таърихӣ дошта, дар ташкили шаклҳои навини истифодабарии замин, мо ҳатман бояд он омилҳоро ба назар гирем.

пешина
аз 463
навбатӣ