Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
зарари экологӣ дар навбати аввал меистад. Тамоми дигар нишондиҳандаҳои инкишофи иқтисодӣ ва баҳодиҳии фаъолияти роҳбарию ҳокимиятдорӣ низ, аз рӯи қоидаи экологию иқтисодӣ бояд сурат гирад.
Ҳамин тариқ, экологикунонии истеҳсолот аз нигоҳи роҳбари хештаншинос раванди комплексии рушди босуботи иқтисодӣ мебошад. Аз нигоҳи банда, дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ин барнома бояд равандҳои зеринро дар ду зина дар бар гиранд:
- Зинаи макроиқтисодӣ.
- Зинаи микроиқтисодӣ.
Зинаи макроиқтисодӣ ин кулли чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки аз доираи кафолатҳои менеҷменти корхонаҳои кишоварзӣ ва умуман, соҳаи кишоварзӣ берун буда, маблағгузории калон ва гузаронидани ислоҳоти ҳокимиятдориро талаб менамояд. Ин чорабиниҳо метавонанд дар доираи мамлакат, байнидавлатӣ ва ҳатто байналхалқӣ ҳаллу фасли пурраи худро ёбанд:
Равандҳои асосии ин чорабиниҳо чунинанд:
- Беҳтар кардани истифодабарии об ва ҳолати мелиоративии заминҳо.
- Минтақабандии экологию иқтисодии соҳаи кишоварзӣ, умуман, ҳудуди мамлакат ва муайян кардани шаклу намуди фаъолият дар ин минтақаҳо.
- Ташкили шаклҳои нави сохтори иқтисодии роҳбарию ҳокимиятдорӣ ва менеҷменти корхонаҳо, ки ба таъмини рушди босубот равона карда шудаанд.
- Молиягузорӣ ва қарздиҳии имтиёзноки таъмини рушди босуботи иқтисодии соҳаҳои экологикунонидашудаи кишоварзӣ.
- Ташкил ва аз ҷониби давлат харидорӣ намудани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ташвиқоти маркетингии экологикунонии истеҳсолот.
Экологикунонии микроиқтисодӣ маҷмӯи чорабиниҳост, ки дар дараҷаи менеҷменти соҳа, корхона ва ё хоҷагӣ ҳал карда мешаванд. Дар соҳаи кишоварзӣ ин равандҳоро метавон чунин табақабандӣ кард:
- Даст кашидан аз қоидаи кишти якказироат ва ташкили системаи илмии зироатпарварӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор