Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

босуботи иқтисодӣ буда, барои мустаҳкам намудани боварӣ ба ояндаи дурусти инкишофи корхона равона карда шудааст. Дар ҳақиқат, новобаста ба он, ки дар мамлакат барои тамоми корхонаҳо қонунҳои якхелаи ҳокимиятдорӣ қабул карда мешаванд, дар як корхона ҳокимиятро аксарият ҳис карда, вобаста аз нақшаҳои роҳбарӣ кору фаъолият менамоянд, аммо дар корхонаи дигар қувваи ҳокимиятдорӣ қариб эҳсос намешавад ва корхона суст инкишоф карда, оқибат муфлис мешавад.

Пас, маълум мегарад, ки амалигардонии ҳокимият, яке аз равандҳои асосии фаъолияти роҳбари хештаншинос ба шумор рафта, барои таъмини рушди босуботи корхона шарти зарурӣ мебошад. Бояд гуфт, ки одамон ҳокимиятро дар муносибатҳои идоравии роҳбарӣ муайян сохта, дар мувофиқа ба он фаъолият менамоянд. Агар роҳбар ҳақиқатпарасту донишманду боҳирад бошад, пас кормандон низ онро барҷало ҳис карда, мувофиқи дастуру ҳидоятҳои он дар кору фаъолият қарор мегиранд.

Аз тарафи дигар, нигоҳи кормандон доимо ба дуруст ҷо ба ҷогузории кормандон аз тарафи роҳбар равона гардида, адолатпарастии фаъолият ва пешбарӣ ба вазифаҳо, масъулиятро ба зиммаи худ гирифтани роҳбар, иҷро кардани кори дуруст ва ғайра аз қабили фаъолиятҳое мебошанд, ки нишонаҳои мустаҳкамгардии ҳокимияти роҳбар аст.

Аз ин хотир, ҳокимиятро на ба ҳайси қувваи маҷбурсозӣ ё истисмори одамон, балки ҳамчун қувваи амалигардонии самаранокии қобилияти хештаншиносии роҳбарӣ баҳо дода, аз он мо бояд самаранок истифода бурданро омӯзем. Аз ин бармеояд, ки ҳамчун қобилияти хештаншиносии роҳбарӣ бо мақсади ташкили самараноки истифодабарии захираҳо ва таъмини «Зиндагонии хуб» равона карда шудааст. Пас, одамоне, ки дорои иқтидори баланди ҳокимиятдорӣ мебошанд, имкони таъсиррасониро ба дигарон доранд.

Вақте мо ба ҳокимият нигоҳи тамоман дигар, нигоҳи созандагӣ дорем, барҷаста мушоҳида менамоем, ки ҳокимият қувваи амалигардонии фикру ақидаҳои навини эҷодӣ мебошад, ки барои миллионҳо одамон манфиати зиёд меоварад.

Тасаввур намоед, ки Шумо тавассути қобилияти баланди эҷодии худ, чизе офаридаед, аммо наметавонед онро амалӣ карда ба мардум пешниҳод намоед, то

пешина
аз 463
навбатӣ