Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҳаматарафа дастгирӣ намоянд ва кӯмашон намунаи ибрат бошанд.

Роҳбари хештаншинос дорои қудрате мебошад, ки ҳамчун «бофандаи нерӯи Осмону Замин бо ҳам» баромад карда, ду олами бузурги ақлониро соҳиб мегардад. Аввал, олами дохилаи поку холисе, ки аксари ҳодисаҳоро пешакӣ дарк менамояд ва дуюм, рафтори баланди муносибатҳои роҳбарӣ, ки пурқимматтарин адапиёт буда, аз ҳама нуқсонҳо тоза аст. Дар рафтори ин гуна хештаншиносон ҳамон нақшҳои бофандагиро мебинем, ки дар ҳунари наққошон, ҳунармандон ва ё асарҳои эҷодкориҳои донишмандони бузург ва асил ба назар мерасанд. Оид ба талаботҳои расидан ба зинаи хештаншиносӣ мо дар мавзӯъҳои пешина ба таври муфассал гуфта гузаштаем.

Талаботҳои асосии он аз рӯи қонуниятҳои баланди табиӣ ҷараён гирифта, роҳбари хештаншинос бояд ба чунон зинаи инкишоф расад, ки одамонро бо як нигоҳ шинохта тавонад ва қонунияти баланди «Инъикоси оинавӣ», яъне амалигардонидани талаботҳои илоҳии рафторӣ дар фаъолияти роҳбарии дунёиро соҳиб гардад, ки мо дар бораи хусусияти ин қобилият дар китоби 4-ум пурра гуфта гузаштаем.

Дарки ақлонии талаботҳои илоҳии рафтори инсонӣ ва қонуниятҳои табиӣ имкони танзими олии давлатдорӣ ва ҳукмрониро пайдо месозад. Пас, барои таъмини ин мақсади Олӣ дастгирии давлатии инкишофи ақлонии роҳбарон - мутахассисони оянда моҳияти калон дошта, давлат дар ташкили мактабҳои махсус, донишгоҳу донишкадаҳои касбӣ нақши асосӣ дорад ва бояд вобаста ба талаботи замон ихтисосҳои нав ва мавзӯъҳои нави илмиро молиягузорӣ намояд.

Бунёди ҷомеаи солими инкишофёбанда барои нигоҳдории давлат ва рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ мақоми арзанда дорад ва баҳри пойдории он шахсияте лозим аст, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ аз панҷ қобилияти баланди хештаншиносӣ огоҳ бошад, яъне қобилияти фикрронӣ, сухангӯй, шунавой, биниш ва дарккуниро дошта бошад.

Сарчашмаи асосии паҳнкунанда ва нигоҳдорандаи зиндаи ин панҷ хислати баланди рушди босуботи башарӣ ва мувозинати ҷомеа донишмандон ва роҳбарони хештаншинос мебошанд.

пешина
аз 463
навбатӣ