Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ва якдигарро пурра менамоянд. Аз ин бармеояд, ки на фақат фарди алоҳида, оила ва ҷомеа ба истеъдодҳо мӯҳтоҷ аст ва зарурият дорад, балки давлат низ барои ба мақсадҳои олии хеш расидан ба қобилияти баланди зеҳнии инсонӣ эҳтиёҷ дорад. Маълум мегардад, ки дастгирии давлатии қобилиятҳо ва рушди босуботи хештаншиносӣ, вазифа ва мароми бевоситаи роҳбарии давлатӣ ва менеҷмент буда, худ бояд ҳамчун пешво ва қувваи ташаккулдиҳандаи қобилиятҳо баромад намояд.
Таълимоти таърихии давлатдории Куруши Кабир, Доро, Анушервони Одил, Луқмони Ҳаким, Исмоили Сомонӣ ва чанде дигар фарзандони таърихии миллати тоҷик гувоҳӣ аз он доранд, ки яке аз роҳҳои асосии таъмини «Зиндагонии хуби мардум» ташаккули инсони эҷодкору хирадманд мебошад, ки ба мувофиқакунонии фаъолияти одамият ва табиат равона шудааст.
Имрӯз низ, сарчашмаи асосии дастгирии одамон барои ба ин мақсади асосӣ расидан давлат мебошад. Хушбахтона, мо, тоҷикон, истиқлолияти миллии худро ҳанӯз соли 1991-ум ба даст овардаем. Беҳуда донишмандони миллати тоҷик, ки мо дар боби 44-уми китобамон овардаем, оид ба давлату давлатдорӣ ва хираду хирадмандӣ тамоми эҷодиёти худро набахшидаанд. Барои сари вақт аз бенизомию камбизоатӣ халос шудани миллати тоҷик имрӯз механизми давлатии дастгирии қобилиятҳо ва сармояи зеҳнии ин миллати бузург зарур мебошад, то тоҷикон низ дар қатори давлатҳою халқҳо ва миллатҳои пешқадами дунё қарор гирем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор