Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

зиёрат кард ва гузашта аз ин маснавии «Асрорнома»-ро барои ҳидояти ӯ ба мақоми ирфонӣ ба ӯ ҳадя намуд, бо як рӯҳи аҳамияти ҷаҳонгир ояндаи ӯро пешгӯй кард...».

Мавлонои Рӯм дар тӯли беш аз 10 сол ин маснавии бузургро дар шаш дафтар гуфтааст, ки мувофиқи маълумоти мавҷуда ҳамаи онро шоири тавоно бадоҳатан эҷод мекард. Ҳусомуддин ва дигар муридони ӯ китобат менамуданд. Дафтари шашуми «Маснавӣ» тақрибан ба қисматҳои ба анҷомрасӣ дар нимавӣ ҳикоят қатъ мегардад ва ба ҳамин манзуми бузург нотамом мондааст. «Аз ин ҷо тахмин кардан мумкин аст, ки — менависад профессор Расул Ҳодизода, Ҷалолуддин то дами марг ба гуфтани «Маснавии маънавӣ» машғул будааст...».

Бояд гуфт, ки шоир дар ин асари бузургаш мавқеъ ва мақоми инсонро дар ҷойгоҳи олӣ қарор медиҳад... Ҳамчунин «Маснавӣ» қомуси пурарзиши суханони ҳикматомез, мақолу зарбулмасал, панду мавиза буда, шоир дар асараш аз ҳикоёти мардуми форсизабону туркнажод, аз тамсилоту ҳиссаҳои халқу қавмҳои дину мазҳабашон гуногун хеле бисёр истифода кардааст.

Хонандаи азиз, мо зарур шуморидем, ки дар ин қисмати китобамон қиссаеро аз ин асари бузурги хештаншиносӣ бароятон пешниҳод созем ва хотиррасон менамоем, ки дар китоби 4-ум низ аз ин асари бузурги тарбиявӣ қиссаҳо овардаем.

Қиссаи Ҳудҳуд ва Сулаймон алайҳиссалом дар баёни он ки чун қаво оянд чашмҳои равшан баста шавад.

Чун Сулаймонро саропарда заданд,
Ҷумла мургонаш ба хизмат омаданд.
Ҳамзабону марҳами худ ёфтанд,
Пеши ӯ як-як ба ҷон биштофтанд.
Ҷумла мургон тарк карданд чиқ-чиқ,
Бо Сулаймон гашта «афсах мин аҳиқ».
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

пешина
аз 463
навбатӣ