Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намуда, аз кори асосӣ дур мемонем, хоҳиши ҳама корро якбора иҷро кардан, ҳаракати ҳама корро бояд худам иҷро кунам, мавҷуд набудани ташкил ва банақшагирии пурраи вақт.

  1. Сабабҳои асосии аз даст додани вақт — мақсади аниқ надоштан ва номуайянӣ дар пайдарпаии иҷрои кор, доимо якбора кори зиёдро иҷро кардан, мавҷуд набудани нақшаи инфиродии истифодаи вақт, диққатро ба қоғазбозӣ равона сохтан, нокифоягии тақсимоти меҳнат, сӯҳбатҳо ва маҷлисҳои дурударози бемантиқ, гуфтугӯи дароз бо телефон, сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ ва меҳмонии аз ҳад зиёд, саросемакорӣ ва нимкорагию дуборагии иҷрои кор.

  2. Давраҳои самараноки истифодаи вақт аз нигоҳи Стивен Кови — одамон фикру ақидаҳои худро болои тахтасангҳо, қоғазҳои алоҳида ва деворҳо навишта, вобаста аз вақт кору фаъолият доштанд, давраи тақвимии истифодаи вақт, давраи сеюм - роҳбарӣ ҳамчун илми истифодаи самараноки вақт, давраи чорум - «саривақту аниқ».

  3. Ақидаи Парето оиди истифодаи вақт - 80% натиҷагирӣ аз ҳисоби 20% истифодабарии вақт ба мо муяссар мегардад.

  4. Қоидаҳои асосии истифодабарии вақти роҳбарӣ — муайян намудани мақсади худ, тартиб додани нақшаи истифодаи вақт, диққатро ба кори асосӣ ҷалб кардан, дар худ ҳавасмандиро одат кунондан, мӯҳлати қатъии иҷрои мақсад гузоштан, дар иҷрои мақсадҳо боғайрат будан, мақсадро аниқ карда «НЕ» гуфтанро омӯзед, ба сӯҳбати дурударози телефонӣ одат накунед, дар дафтари хотира навиштани корҳоро аз худ кунед, дар вақти кор ба сӯҳбатҳои нолозима роҳ надиҳед.

  5. Роҳҳои истифодаи самараноки вақт - аз фикрронии қолабӣ даст кашед, гӯш кардани дигаронро омӯзед, аз корҳои майда-чуйда бохабар бошед, ба кор якбора шурӯъ намоед, вақти худро пурра истифода намоед, нагузоред, ки дигарон вақти Шуморо истифода намоянд, фаъолиятро дигар кунед, корро каме барвақттар аз зердастон оғоз кунед, корҳои ҳаррӯзаатонро назорат намоед, он чӣ имрӯз иҷро карда натавонистед, албатта, ба рӯзи дигар гузаронед, вақтро чун атои Худо шинохта, қадрдонӣ намоед.

пешина
аз 463
навбатӣ