Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Омилҳои асосии роҳ надодан ба муноқиша — мақсаднокии пурра ва ягонаи ахбор, расмияти пурраи маълумотҳо, вуҷуд надоштани дурӯғ, фиребгарӣ, дурӯягӣ, хешутаборчӣ, хотирббинӣ ва дигар мақсадҳои ғаразнок, қабули қарори саривақтӣ барои бартараф намудани камбудиҳо.

  2. Қоидаҳои асосии худидоракунии шӯъба — муҳокимаи рӯирост ва воқеии фаъолияти шӯъба, муҳокимаи ҳавасмандии тарафҳо, масъулияти шахсони алоҳида, дастгирии якдигарӣ, таъмини саривақтии идоравӣ, навовариҳо, дигаргунсозии сохторӣ, муҳокимаи бурдбориҳо.

  3. Натиҷаи пурсиши 1000 корманд оид ба муноқиша — 25 - 30% бо сабаби муноқиша ва беадолатӣ фаъолнокии хешро паст кардаанд, 45 - 50% вақти кории хешро бой медиҳанд, 10 - 15% аз кор мераванд.

  4. Зинаҳои рафтори роҳбар дар роҳ надодан ба муноқиша — ташкили маданияти роҳбарӣ, реҷаи корӣ, тақсимоти вазифа ва ӯҳдадориҳо, гузаронидани маҷлисҳо, машваратҳо ва конфронсияҳои илмӣ, аз кор озод кардани роҳбарон ва кормандони дилу хоҳиши поки корӣ надошта, ташкили системаи озоди фикрронӣ.

  5. Давраҳои ҳалли муноқиша — таҳлили сарчашмаи муноқиша, сабаби алоқаи он ба сохтори ташкилот, омӯзиш ва кор кардани маданияти ташкили кор оид ба пешгирии муноқиша, кор кардани фишангҳои дохилаи мувозинати қувваҳо, кор кардани вариантҳои гуногуни ҳалли муноқиша, доштани алоқаи доимӣ, ахбори бефосилаи ҳолати корхона ва ташкили кори мураббигӣ.

  6. Функцияҳои мусбати муноқиша — функцияи ахборӣ, функцияи тағйиротӣ, навоварӣ.

  7. Санъати роҳбарии муноқиша — фармон, супориш, қарор, тақсими вазифа ва захираҳо, маблағи иловагӣ, усули ташкили сохторӣ, мувофиқаи қувваҳо, аз вазифа озод кардан, ба инобат нагирифтани муноқиша, ором кардани тарафҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, маҷбурсозӣ, вақти иловагӣ ва ғ.

  8. Омилҳои субъективии шуурнокии роҳбарӣ — шуурнокӣ фақат ба инсон хос аст, фикр ва дониши худро ба дигар кас додан, дарки масоил, шуур ҳамчун ҳолати дохилаи инсон, хислати объективии шуурнокӣ.

  9. Қобилияти модарзодӣ — муқаррарӣ, ғайримуқаррарӣ, фавқуллода.

пешина
аз 463
навбатӣ