Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Уҳдадории тафаккури менеҷмент — мақсаднокӣ, фаҳмонда додани моҳият, манфиат, мақсад ва натиҷа, моҳияти меҳнат ва мазмуни он, таҳлили ҳаматарафаи тағйирёбии муҳити зист, мавқеи таърихии инсон аз нигоҳи вақт, хусусияти хоси ҳар як фард.
-
Шуур — ҷараён ё худ ҳиссиёти хеле мураккаби қабул, тасаввур, фикр, ақида ва дониш мебошад.
-
Унсурҳои шуур — аввалиндараҷа — рӯҳ, хотира, фикр, эҳсосот. Дуюмдараҷа — диққат, ирода, рафтор.
-
Ҷараёни фикрронӣ — муқоиса, таҳлил, муҳокима ва диққат ба мафҳум иборат буда, бо воситаи ҳиссиёт ва дарки он сурат мегирад.
-
Моҳияти шуурнокии одамон — инъикоси воқеии ҳодисаҳо дар асоси дониш, худомӯзӣ, худшиносӣ ва вобаста аз он фаъолияти мақсаднок кардан, қобилияти дарки масоил, баҳодиҳии ҳолатҳо, муносибати байни одамон ва гуфтори онҳо.
-
Шуурнокӣ — донишмандӣ буда, донишмандӣ инкишоф аст, зинаи олии инкишоф ин худшиносӣ мебошад.
-
Роҳҳои инъикоси ҳастӣ дар шуури одамон — фаҳмиш ва хотира, муносибати хос ба муҳит, ҷаҳонбинӣ, инъикоси эҳсосот, истеъмол ва қабули ахбор, инъикос дар ҳаракатҳои бошуурона, яъне боақлона фаъолият намудан, бо мақсади муайян меҳнат ва зиндагӣ кардан.
-
Шуурнокӣ — фақат инъикоси ҳастӣ набуда, инчунин фаҳмиш, дониш, эҳсосот, гуфтор, фаъолият, ирода, мақсад ва муоширатро низ мегӯянд.
-
Давраҳои ҷараёни хотиротӣ — қабул, нигоҳдорӣ, фаромӯш кардан, аз нав ба ёд овардан, такрористеҳсол.
-
Мафҳумҳо — ҷамъи донишҳо оид ба ашёҳо буда, мазмун, мундариҷа ва муносибати объектро мемонанд, ки дар фаъолияти роҳбарӣ пайдо мегардад.
-
Асосҳои мантиқии фикрронӣ — мантиқи объективӣ ё ашё, ки аз одамон вобастагӣ дорад, мантиқи субъективӣ, инъикоси мантиқии ашё, мантиқи фикрронӣ, ки аз мантиқи субъективӣ баромада, мантиқи ашёро инъикос менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор