Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Зиддиятҳои фикромӣ — зиддияти мантиқии фикромӣ, зиддияти худӣ фикромӣ.

  2. Муҳити донишмандӣ - агар марди донишманд дар миёни мардуми бесавод муҳлате умр ба сар барад ва аз сарчашмае ахбори беруна дастрас насозад, метавонад, қобилияти фикронии худро гум карда, баробари ҳамнишинони худ гардад.

  3. Фаҳмиши таърихии фикромӣ — аз Худованд, қувваи кайҳонӣ ва рӯҳи бузургон вобаста буда, аз болои олам боз ақли кулл ва дақиқи Худованд вуҷуд дорад, ки сабаби беохирин захираи ақлонии мо мебошанд.

  4. Фикромӣ аз нигоҳи файласуф Декарт — ҷараёни фаҳмиш ва нобоварӣ, мақбул ва номақбул, хоҳиш ва бехоҳишӣ буда, вобаста аз ин фикромӣ ҳамчун усули интихоби идеалии объект ва тасдиқ баҳо дода мешавад.

  5. Хусусияти дониш аз нигоҳи Л. Толстой — дониш ҳамон вақт дониш ба ҳисоб меравад, ки бо қувваи тафаккур ба вуҷуд омада бошад, на аз рӯи хотирот.

  6. Фикромӣ вобаста аз дараҷаи эҳсосоти одамон — фикронии муқаррарӣ,
    ҳолати фикронии норизоӣ, фикронии концептуалӣ, фикронии илмӣ,
    фикронии абстрактӣ, фикронии касбӣ.

  7. Диққат — марказонидан ва равона кардани шуури одам ба объекти муайян буда, дар натиҷа инъикоси аниқи ҳодисаҳоро таъмин месозад.

  8. Системаи фаҳмишҳои одамӣ — интихобӣ, глобалӣ, тасаввурӣ.

  9. Лоиҳаи мақсаднок — пайдарпаии мақсадноки фаъолиятҳоеро меноманд, ки барои ба даст овардани мақсади муайяну аниқ, натиҷаи самаранок, дар доираи вақт ва маблағи муайян равона карда шудааст.

  10. Нишонаҳои асосии лоиҳаи мақсаднок — мӯҳлатнокӣ, нақшаи аниқ, захираҳо барои иҷрои лоиҳа, фаъолияти даставӣ.

  11. Давраҳои асосии лоиҳаҳои мақсаднок — масъалагузорӣ, банақшагирӣ, мақсаднокӣ, мониторинг, анҷоми лоиҳа.

  12. Захираҳои лоиҳаҳо — одамон, ашё ва захираҳои табиӣ, сармоя, ахбор ва вақт.

пешина
аз 463
навбатӣ