Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пойафзол бо костюм мувофиқ ва тоза, дар вақти сӯҳбат ба чашми ҳамсӯҳбат нигоҳ карда сухан гуфтан, суханро бо мантиқ, кӯтоҳ ва бо мақсад баён намудан.

  1. Вазифаи асосии тиҷорати мол — доимо пеш гузаштан аз интизории харидор ва баҳои аъло гирифтан аз харидор, ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза талаботҳои онҳоро омӯхта, ба инобат гирифта метавонем.

  2. Зинаҳои омӯзиши талаботи истеъмолкунанда — омӯзиш ва тадқиқоти хоҳиши истеъмолкунанда вобаста ба маданият ва анъана, расму русуми миллӣ, ташкили истеҳсоли моли нав, хизматрасонӣ, одаткунонии истеъмолкунанда ба моли нав, зинаи пайдоиши хоҳиши харидор ва таъмини талабот ва хоҳиши вай нисбати истеъмоли моли нав.

  3. Унсурҳои қаноатмандии истеъмолкунанда — талабот ба мол ва хизматҳо, нархи молҳо, ҷой ва тарзи фурӯши мол, тарзи пешниҳоди мол.

  4. Сарчашмаҳои шиносоӣ ба фаъолияти ташкилот — ҳисоботҳои корхона, шиносоии бевосита ба мизоҷон, гузаронидани санҷишҳои пурсиш, алоқаи баръакс ба воситаи ВАО, реестри давлатӣ, сарчашмаҳои дигари ахборӣ.

  5. Талаботҳои тамғаи савдо — манфиатнокӣ, арзишнокӣ, боваринокӣ, воқеӣ будан, арзишҳои эстетикӣ.

  6. Талаботҳои таблиғотӣ — диққатҷалкунандагӣ, ҳавасмандии харидор, ҷалби хоҳиши харидор, боваркунонии харидор, даъват кардани харидор, қонунӣ ва воқеияти таблиғот, таъмини фоиданокӣ.

  7. Омилҳои ҷараёни қабули ахбори таблиғотии мизоҷон — арзишҳо ва нишондодҳо, ҳолатҳо, қобилияти тасаввур ва ҳиссиётӣ, омили демографӣ, иқтисодӣ ва географӣ, омилҳои миллӣ ва ҷамъиятӣ, мавсим.

  8. Таваккали маркетингии — офати табиӣ, техникӣ, нақлиётӣ, сиёсӣ, пулӣ, таваккали рақибон, таваккали тиҷоратӣ, ташкилӣ, навоварӣ, молиявию истеҳсолӣ, экологӣ, кадрӣ.

  9. Ҳаракатҳои менеҷер дар ҳолатҳои гуногуни таваккал — фаъолияти баланди рӯҳӣ доштан, шунидан, дидан, меҳрубонӣ намудан, баҳо додани ҳолатҳо, масъулияти баланди ҳалли масоили пайдошуда, ақлу диққатро барои фаъолияти самаранок равона сохтан, боварӣ доштан ба

пешина
аз 463
навбатӣ