Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муваффақиятҳо, тайёр будан ба тағйирёбии ҳолатҳо, ҳушёрӣ, зиракӣ ва идора карда тавонистани худ.

  1. Вазифаҳои асосии менеҷменти тоҷик дар замони глобализатсияи ҷаҳонӣ
    — муайян кардани соҳаҳои бартариятноки иқтисоди миллӣ, коркарди барномаҳои стратегии мақсадноки инкишофи соҳаҳои бартариятнок, муайян кардани стандартҳо, буҷакунонии ихтироот, навовариҳо ва амалигардонии онҳо.

  2. Глобализатсия — дар асоси ивази мол, дониш, меъёрҳои ҳуқуқӣ, маданӣ, хоҷагидорӣ беҳтар намудани шароити зиндагонии мардуми давлатҳои гуногун мебошад.

  3. Некӯаҳволӣ аз нигоҳи Арасту — беҳтаршавинии зиндагонии мардум дар ҳама давру замон ба риояи ду шарт вобастагии қавӣ дорад: 1. Дуруст муайян кардани мақсади асосии ҳар як фаъолият, 2. Дарёфт намудани воситаҳо ва роҳҳое, ки барои ба мақсад расидан мусоидат мекунанд.

  4. Вазифаи асосии илмҳои иқтисодӣ — асоснок намудани фаъолияти зеҳнии одамон бо фикрронии мусбии онҳо барои муваффақ шудан ба ҳадафҳои волои инсонӣ.

  5. Зиндагонии хуб аз нигоҳи менеҷмент — ватан ва озодии ҳуқуқӣ дар ватан доштан, маълумотнок будан, саломатии хуб доштан, сарвари доно доштан, имкони истифодаи захираҳо, дар шароити хуби экологӣ зистан, оиладор ва соҳиби фарзанд будан.

  6. Дараҷаи зиндагонии хуб — дарозумрии мардум ва саломатии хуби онҳо, ҳиссаи хонандагон дар макотиб, дараҷаи маълумотнокии мардум, даромади воқеии одамон аз фаъолият.

  7. Сарватмандӣ аз нигоҳи менеҷмент — имконоти одамон барои зиндагонии хуб мувофиқи хоҳиши онҳо.

  8. Усулҳои ноил гаштан ба зиндагонии хуб — таъмини адолати иҷтимоӣ ва тақсимоти даромадҳо ва захираҳо, таъмини мувозинати инкишофи соҳавӣ дар иқтисодиёт, таъмини сармоя барои рушди башарӣ, таъмини имконот ва иштироки бевоситаи одамон дар истифодаи захираҳо, ҳалли масоили сиёсию иҷтимоӣ, таъмини мувозинати гендерӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ