Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Чун хати паргор агар мақсад далели анест,
Пои оғоз аз чӣ мебӯсад сари анҷомҳо.


Бедил, ҳадафи новаки офтоб бузургист,
Маҳ то ба камолаш нарасад, нур нагирад.

  1. Нигоҳи Аҳмади Дониш ба ҳуқуқи падару модар дар тарбияи фарзанд — падару модар мавриди эҳсону шукранд, бар тақдире, ки солеҳ бошанд ва бар фарзанди худ накӯӣ хоҳанд ва салоҳи ҳоли ӯ ҷӯянд.

  2. Назари Мирзо Турсунзода ба меҳру муҳаббати инсонӣ — Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор, Аз раҳи меҳру вафою аҳди бепоён гузор.

  3. Нигоҳи устод Лоиқ ба миллатдӯстӣ —
    Дар ғами номӯси миллат,
    Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,
    Аз фурӯғи рӯзи миллат
    Бemuҳобо хонаи душман бисӯзад.

  4. Нигоҳи Лоиқ ба роҳбарони сустсавод —
    Чашмаи хушкидае, миннат ба дарё мекунӣ,
    Мурдарегӣ, сарзаниш бар кони тилло мекунӣ.

  5. Тарбияи экологии одамон — равона сохтани диққати аҳолӣ ба тозагии табиӣ, моҳияти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсии сарватҳои табиӣ, ҷалб намудани одамон ба омӯзиши донишҳои табиатшиносӣ.

  6. Мақсади олии тарбия — хештаншиносии инсонҳо.

  7. Маънии зиндагонии хуби инсонӣ — ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷавоби дуруст оид ба мафҳуми ҷовидонӣ, некию накӯкорӣ, футувват, сабру тоқат, ранҷу меҳнат, ҳалолу ҳаром, зебонию покӣ.

  8. Муносибатҳои пайдоиши худшиносӣ — риояи таносуби инкишофи узвҳо, рафтор, шӯр, ақл, ирода, эҳсос, тафаккур, тасаввур, ҷону рӯҳ, муносибат ба падару модар, атрофиён, ба табиат, ба олами тағйирёбандаи ҳаёт ва ба олами илоҳӣ.

пешина
аз 463
навбатӣ