Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Ҷаҳонбинии хештаншиносии роҳбарии тоҷик - олами ақлонии Олӣ, дилу нияти поки инсонӣ, боварӣ ба Худои яккаву ягона ва рушди пайвастаи башарию иқтисодию экологӣ ва ҳокимиятдорӣ.
-
Таълимоти Зардушт - пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек.
-
Эъломияи башар - аввалин шуда, Куруши Кабир эҷод кард, ки ҷавҳари он аз озодии дин, мазҳаб, пардохти ҳаққи меҳнат, зулму ситамро раво надидан ба инсон ва зиёне ба молу мулки дигаре нарасонидан иборат мебошад.
-
Борбади Марвазӣ - шоҳи ромишгарон, ки аввалин нури саҳарро бо чашмони дил эҳсос мекунад.
-
Ақидаи Афлотун дар бораи Куруши Кабир - Куруш сарвари бузург ва дӯсти олиқадр барои меҳани худ буд. Дар замони ӯ эрониён фармонравоии милали бисёр шудаанд. Аксари олимони дигари ҷаҳон Курушро ҳамчун роҳбари нобиғаи комил, дӯсти инсоният, қавиирода, толиби ҳикмати воло, ростқавлу поксиришт муаррифӣ намуда, дар таърих ӯро «падари подшоҳони ҷаҳон» хондаанд.
-
Ақидаи Бузургмеҳр оиди нажоди Ориёӣ - таърихи башарӣ гувоҳи барҳақу раднопазир ва бурҳони қотеъ бар ин нуқта, ки порсиён машъали ҷовидонаи маърифат дар рӯи Замин ва нахустин шуда аз насли Одаму Ҳаво - нажоди Ориёӣ дарк ва эҳсос карданд, ки донишу маърифат ҳамон нури пурзиёи эзидист ва маҳз, тавассути он метавон дунё ва Офаридгорро шинохт. Ва маҳз, тавассути он метавон ҷаҳони торику пурғавво ва пуршуру шари инсонҳои хокиро мунаввар сохт.
-
Системаи шоҳонаи давлатдорӣ - аввалин системи давлатдории Шоҳонаро тоҷикон ташкил карда, ба сари шоҳ тоҷ гузоштанд, ки ҳудуди давлаташон аз Бухоро ва баҳри Арал то Уралу Олтой ва Ҷурҷону Хуросон тӯл кашида буд.
-
Ақидаи тоҷикон оиди давлат - пешвой, низоми баланди инсонӣ, ҳидояткунандаи роҳи рост, ҳақиқату адолат, хираду пешвой номидаанд.
-
Аввалин Шӯрои Миллӣ - дар замони Ашкониён, солҳои 247 - 222 пеш аз милод бо номи «Меҳристон (бузургон)» созмон дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор