Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳаким», «Табибии Луқмони Ҳаким» - ро аз китоби 4- ум мутолиа намоед.

  1. Ҳимояи роҳбар аз ашхоси хушомадгӯй, ҳасадхӯр ва фиребгар - ҳақиқатпарастӣ, адолат ва шаффофияти пиндору рафтору гуфтор.

  2. Хусусиятҳои рӯҳии ашхоси бадхоҳ - беномус, беҳаё, табиатан нобовар, кинагиру нопок, қурбин, сустсаводу камақл, бедину бедиёнат.

  3. Устувории мавқеи роҳбар — яке аз қонуниятҳои ҳиради роҳбарӣ буда, бурду бохти амалигардии қарори роҳбарӣ ва умуман ташаккули менеҷмент ба он вобастааст, ки дар навбати аввал роҳбар ба мавқеаш чӣ қадар устувор аст.

  4. Ташаббускорӣ - қобилияти баланди зеҳнии роҳбарӣ буда, роҳбарро вазифадор месозад, ки пайваста бо фикру ақидаҳои навин ва ташаббуси самаранок баромад карда, дигаронро аз қафои худ бурда тавонад.

  5. Доимо дар майдон будан - қонуни ҳиради роҳбарӣ ба шумор рафта, рақибро дар ҳолати муҳофизатӣ нигоҳ доштан аст. Аммо агар қасри бошукӯҳ сохта пинҳон шавед, эътибори роҳбариатон заиф гашта, ҳокимиятро аз даст медиҳед.

  6. Ғафлат ва хоинӣ - ду нишонаи шикасти давлат ва ҳокимиятдорӣ буда, ҳиради роҳбарӣ он аст, ки доимо аз ҳолат бохабар шуда, хоинонро аз назди худ дур совад.

  7. Гуноҳ ва авф - ҳарчанд гуноҳ бузург аст, фазилати авфкунанда зиёдтар аст. Арасту ба саволи Искандар оиди фалон гунаҳгор чӣ мегӯй? гуфт: «Эй малик, агар гуноҳ набудӣ, сифати авф, ки беҳтарин фазилат аст, аз касе зоҳир нашудӣ. Пас, гуноҳ оинаи авф аст ва гунаҳгор ба сабаби зуҳури он сифат шуда, дар бораи ӯ бояд ин маъnӣ ба зуҳур расад.

  8. Донишмандӣ нишораи олии менеҷмент - дониш ин инкишоф ва инкишоф ин пешравӣ буда, муҳити зиндагиро беҳтар намуда, инсон имкони худшиносиро тавассути дониш пайдо мекунад.

  9. Ҳирадмандӣ — шакли олии рафтори роҳбарӣ, олами ботинӣ ва зоҳирии роҳбар, муносибат ба олами ҳастӣ, тасаввури неку нигоҳи нек, фаъолияти самаранок, ҳалимӣ, ширинзабонӣ, покию ростию ҳақиқатпарастист.

  10. Нигоҳи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ ба ҳираду ҳирадмандӣ —

пешина
аз 463
навбатӣ