Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бошед, ҳар як кору фаъолият вақту замони худро дорад, ба товагӣ ва сифати кор диққат диҳед, ҳалиму хоксор бошед.

  1. Сарчашмаи қобилияти зеҳнӣ - илоҳӣ ва заминӣ. Тафаккури заминӣ, аз ақлу хиради шахсони дигар, падару модар, устоду мураббиён, ақли солими атроф, осори ниёгон ва аз таҷрибаи рӯзгор сарчашма мегирад.

  2. Равандҳои худтарбиякунӣ — ман медонам, ки тамоми сарварон аз фикру хоҳишашон ба дараҷаи баланд расидаанд, хоҳиши қавӣ инсонро ба ҳама мақсадҳои Олӣ мерасонад, худбоваркунӣ роҳи ягонаи ба сарварӣ расидан аст, аз тамоми донишандони бузург хоҳиш менамоям, ки ба ман устодӣ кунанд, кӯшиш менамоям, ки Худою оламу одам ва худро шиносам.

  3. Сарварони доно — пешвоён ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ буда, рӯҳияи хирадмандии хешро ба тамоми ҷаҳониён паҳн намуда, ба шогирдону атрофиён нерӯи бузурги ботинии худшиносӣ боқӣ мегузоранд.

  4. Нишонаҳои хушбахтӣ — ватан доштан ва дар ватан будан, саломатии хуб, дониш доштан, сарвари доно, молу мулк, оилаи хуб ва фарзанди солим доштан.

  5. Луқмони Ҳакимро пурсиданд — фарзонагӣ чист?- Гуфт: Дурӣ аз гумони бад.

  6. Луқмони Ҳакимро пурсиданд, ки мардон чанд намуданд? - Гуфт: се намуд, мардест, ки ирода кунад кореро, ҳал мекунад онро бо райъаш, мардест, ки бартар медонад машваратро дар масоиле, ки барояш номафҳум аст, марде, ки ҳайрону саргардон, ки хоҳиши фаҳми рост нест ва боз итоат намекунад ба шахси ҳидоятгар ва ë роҳнамо.

  7. Диққатҷалкунандагии роҳбар - нишонаи хиради роҳбарӣ буда, ба ақидаи рӯзшиносон, аксар маврид шахсиятҳое, ки намуди зоҳирии зебо доранд, дорои қобилияти баланди диққатҷалкунӣ ва дарки масоил ва ҳамоҳангсозии фаъолият мебошанд.

  8. Нексозии хислати роҳбарӣ - шахсонеро интихоб намоед, ки хислати хуби роҳбарӣ доранд ва худро ба онҳо мувофиқ сохта, дар назди оина машқи пайваста оид ба қаҳрамони худ намоед, ҳар рӯз шахсеро ёбед, ки одамон ӯро аз рӯи кадом хислаташ танқид ва ё васф мекунанд, агар Шумо нив

пешина
аз 463
навбатӣ