Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Талаботҳои қабули хотиротӣ — дар вазифаи қабул ва андешаронӣ аз ахбори хотирот сабру тоқат ва коркарди пурраро талаб намоед. Дар одамшиносӣ, қабули қарори роҳбарӣ, рафтори роҳбарӣ ва дигар амалиётҳои роҳбарӣ шитобкорӣ набояд кард, ки боиси қурбонии ҳаворҳо ҷавонмардони содиқ ва зарари калони молӣ хоҳад гашт.
-
Нигоҳи Мавлоно Ҷалолиддин дар бораи сабр — Гуфт Луқмон: «Сабр ҳам некӯ дамест, Ки паноҳу дофеъи ҳар ҷо гамест».
Сабрро бо ҳақ қарин кард, эй фалон, Охири «Ва — аср»- ро огаҳ бихон.
Сад ҳазорон кимиё Ҳақ офарид, Кимиёе ҳамчу сабр Одам надид. -
Бурди ҳақпарастии роҳбар — баланд гаштани обрӯю эътибор дар коллектив, барои дурустии мақсадҳои хеш боварӣ ҳосил мекунед, баҳои хуби роҳбариро вақт муайян месозад, аз муваффақият рӯҳу иқболи това гирифта, боз самаранок меҳнат мекунед, пайдарпайии мақсадгуворӣ, ақидаронӣ ва масъалагузориро пайдо карда, аз шахсони ноқобил дур мегардед.
-
Омили вақт дар фаъолияти роҳбарӣ — оғози роҳбарӣ 20 - 24 солагӣ, бадастории донишу ва хислатҳои хуби роҳбарӣ 25 - 35 солагӣ, амалгардонии дастовардҳо 36 - 50 солагӣ, ҷамъбасти муваффақиятҳо 51
- 60 солагӣ, гузаштан ба кори ғайрироҳбарӣ 61 - 70 солагӣ.
-
Барои дарки омили вақти роҳбарӣ пайваста аз худ савол кунед — кадом фикрҳои ман ба мақсади асосии инкишофи имрӯза мувофиқ аст?, оё фикру ақидаҳои ман наванд?, пайвастагӣ ва манфиатнокиро дуруст дарк карда истодаам?, оё ман аз ӯҳдаи иҷро ва дарки мақсадҳои навин баромада метавонам?, Монда нашуда бошам?
-
Назорати дастовардҳои роҳбарӣ — таҳлили самаранокии даврон роҳбариатон, ҳаловати дастовардҳо, ояндабинӣ, имконотҳои нави пайдошуда, нишонагирии нави болоравӣ.
-
Назорати муваффақиятҳои фардӣ — муваффақияти бузург дар ҳаёти
шахсиатон, падару модар, атрофиён ва дӯстон чӣ саҳм доранд, ҳаловати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор