Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Парвози баланди уқоб — нотакрории роҳбар ба парвози баланди уқобро монанд аст, сайдро чунон моҳирона гиред, ки ҳатто паррандаи чолок аз чанголатон халос наёбад.

  2. Қоидаҳои ташкили роҳбарии хирадмандона — ҳеҷ гоҳ атрофиёнро ба худ мухолиф насозед, дар бозор сухани хирадмандона нагӯед, сухане гӯед, ки ба шунаванда писанд аст, рақибро фаромӯш накунед, ақидаи наверо ҷорӣ намоед, ки касеро якбора аз майдон берун набарораду ба урфу одати мардум зид набошад.

  3. Қадрдонии арзишҳои хиради инсонӣ — сарварони оқилу доно Луқмони Ҳаким, Куруши Кабир, Анушервони Одил, Исмоили Сомонӣ, Ф. Рузвелт ва А. Линколн фақат дар асоси қадр кардани арзишҳои хиради инсонӣ ба дараҷаи баланди сарварӣ расидаанд.

  4. Се хислати ҳукмронии пул — барои қудрати ҳукмрониро пайдо кардани пул, он бояд дар гардиш бошад, пул ҳамчун вазифаи мукофот ва ҳавасмандӣ барои меҳнати иҷрошуда, пул ҳамчун воситаи ташкили муомилаи роҳбарӣ, мавқеъ ва мақсади роҳбарро ҳукмронӣ менамояд.

  5. Асбоби роҳбарӣ аз нигоҳи Имом Шофеъӣ — ростгӯӣ, пинҳонии сирри роҳбарӣ, вафо ба аҳд, насиҳат кардан, адо кардани амонат.

  6. Равандҳои хиради экологӣ — мақсадҳои накӯкории экологӣ доштан, банақшагирии тозагӣ ва сифатнокии фаъолият ва мол, алоқаи пайвастаи донишмандони бахши табиатшиносӣ ва экологҳо, худмаҷбурсозӣ ва худбоваркунонӣ барои фаъолияти экологикунонидашуда, худназоратии муносибат ба одамон, табиат ва худатон. Боғеро бунёд кардан низ хиради экологист.

  7. Қонуни табиии инкишофи роҳбарӣ — мубориза, муборизаи аввал барои инкишофи босуботи роҳбарӣ, дуввум барои ба даст овардани неъмат, сеюм, мубориза барои нигоҳдории саломатӣ, чорум, мубориза барои сарварӣ намудан, панҷум, мубориза барои соҳибэҳтиромӣ.

  8. Қашшоқӣ аз нигоҳи хиради менеҷмент — бесавод мондан, соҳибкасб набудан, саломатии хубу молу мулк надоштан ва дигар ҳолатҳои нобудшавӣ, ки ба инсони комил хос намебошад.

пешина
аз 463
навбатӣ