Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

эҷодкору олим шарти зарурии сармояи башариро дар хештаншиносӣ таъмин месозад.

  1. Вазифаҳои суғуртаи нафақа — ҳимоя аз қашшоқӣ дар пиронсолӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҷрӯҳӣ, таъмини даромади кафолатнок дар пиронсолӣ, таъмини рушди касбии кормандон, таъмини адолати иҷтимоӣ.

  2. Сохти рушди босуботи иқтисодӣ бо назардошти рушди босуботи башарӣ
    — инкишофе, ки хароҷотҳои иловагӣ ва ноқисиҳои экологиро барои насли оянда боқӣ нагузорад. Инкишофе, ки дарозумрии насли ояндаро таъмин сохта, таваккали гуруснагии онҳоро кам намояд. Инкишофе, ки имкони зиндагонии хубро барои насли оянда таъмин месозад. Инкишофе, ки такрористеҳсоли ҷисмонӣ ва зеҳнии башариро боз чандин наслҳои дигар нигоҳ медорад. Инкишофе, ки мувофиқан доимии «одамон — табиат сармояи моддӣ» - ро нигоҳ медорад.

  3. Тарбияи дунёшиносии роҳбарӣ — тарбияи ҷамъиятшиносии фарзандон ва ҳуқуқу вазифадории онҳо, инкишофи иқтисодии мамолики дунё ва зинаи инкишофи иқтисодию сиёсӣ, ахборию электронӣ ва маданияю иҷтимоии халқҳои гуногуни дунё. Ҳуқуқҳои демократии зиндагонии инсонӣ, ки дар тамоми мамолики тараққикардаи дунё амал карда истодаанд ва ғ.

  4. Тарбияи инсоншиносӣ — тарбия дар рӯҳияи инсоншиносӣ, ҳуқуқу озодиҳои башарӣ, имконоту қобилияти инсон, ҳурмату эҳтироми инсонӣ ва ҳуқуқҳои он. Арзишҳои волои хештаншиносии башарӣ ва озодии пиндору рафтору гуфтор, интихоби дину оин, талаботҳои байналмилалии рафтору ҳуқуқи инсонӣ.

  5. Тарбияи табиатшиносӣ — тарбияи экологии башарӣ ба шумор меравад, ин раванд низ қисми пайвастаи тарбияи инсонӣ мебошад, ки мо бояд аз қонуниятҳои олии табии инсонро ҳамаҷониба бохабар гардонида, дӯстдорию муносибати баланди хиради экологиро ба ӯ омӯзонем. Моҳияти табиат ва қонуниятҳои он, хислатҳои сарватҳои табиӣ, олами растанӣ ва ҳайвонот, ки қисме аз онҳоро мо дар раванди таълифи мавзӯъҳои алоҳидаи китоб бароятон таҳлил карда омадаем.

  6. Тарбияи эҷодкорӣ — ин раванди тарбия қисми фаъоли тарбияи сарвари
    оянда буда, мо бояд дар ҳар як фард қобилияти эҷодкориро тавлид карда,

пешина
аз 463
навбатӣ