Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ХУЛОСА

Тадқиқотҳо ва очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки мо тоҷикон нисбат ба дигар халқу миллатҳо пештару бештар ба масоили инкишофи илму дониш ва ташаккули сарварӣ диққату таваҷҷӯҳи бузург зоҳир намуда, дар ривоҷу равнақи ин илми басо мушкили инсонӣ мақоми арзандаи таърихии худро соҳиб гаштаем.

Ҳанӯз, аз замонҳои хеле қадим, форсҳо сарвариро усули ноил гаштан ба муваффақиятҳо, роҳнамоӣ, сарпаноҳии мардум, ҳимоятгарӣ, таъминкунандаи «зиндагонии хуб» ҳисобида, роҳбарони худро аз ҷумлаи шахсони донишманду диндор, маъруфу суфиёни пок ва мардони далеру шуҷоатманди боҳирад интихоб намуда, пурра ба онҳо бовар мекарданд ва аз дастуру ҳидоятҳои онҳо заррае берун намебаромаданд.

Барои ташкили аморати идоравӣ дар дарборҳои подшоҳӣ донишмандону ҳунармандон, наққошон, меъморон ва олимону хирадмандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиро ҷамъ оварда, системаҳои намунавии рафторӣ ва меъёрҳою қонуниятҳои хештаншиносии роҳбариро тартиб медоданд ва баъдан ба мардуми оддӣ пешниҳод мекарданд. Мо дар бораи маданияти баланди роҳбарии сарварони тоҷик дар китобҳои худ ба таври муфассал гуфта гузаштаем.

Ҳанӯз, дар ҳазорсолаҳои пеш аз милод инкишофи башарӣ, дар системаи давлатдории тоҷикон қобилиятнокӣ ва ақли зеҳнии кормандон баҳои баланд дода шуда, ягона ченаки ҷалб кардан ба дарбори шоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Бо чунин меъёрҳо давлат ҳамчун танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ баромад карда, барои тамоми одамоне, ки қобилияти баланди илоҳии эҷодӣ доштанд, шароит муҳайё месохт, то он ба манфиати халқу давлат амалӣ гардад. Истеъдод дар баробари дигар захираҳои табиию молӣ, ҳамчун қисми таркибӣ ва хазинаи бепоёни захираҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, мақсаднишинии истифодабарии онҳоро бевосита ба уҳдаи давлат вогузор мекарданд.

Омӯзиши сарчашмаҳои таърихии давлатдории Куруши Кабир, Доро, Анушервони Одил, Луқмони Ҳаким, Исмоили Сомонӣ ва чанде дигар фарзандони таърихии миллати тоҷик гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки яке аз роҳи асосии таъмини «Зиндагонии хуби мардум» ташаккули инсони вуҷодқору

пешина
аз 463
навбатӣ