Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

меомӯзем ва истифода мебарем, то доимо дар зинаи баланди хештаншиносии роҳбарӣ қарор дошта бошем.

Дар ин нуқта бошад, то кадом андоза мо ба мақсадҳои хеш ноил гаштаем, худ қазоват намоед. Мо интизори тамоми эродҳо ва дархосту пешниҳодҳои беғаразонаи Шумо оид ба омӯзиши илми менеҷмент буда, кӯшиш менамоем, ки дар бароришҳои ояндаи китобҳоямон онҳоро ба инобат гирем. Албатта, ин аз аввалин китобҳои менеҷмент мебошад, бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст ва эҳтимол аз хатоҳои техникию имлоӣ холӣ набушад ва барои ин нуқсонҳо аз Шумо, хонандаи азиз узр мепурсем.

Муаллиф миннатдории бепоёни худро ба раёсат ва коллективи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва тамоми ёрӯ дӯстон, шогирдон, фарзандони ҳунарманд, ҳамсари меҳрубон барои кӯмаку дастгирии маънавию моддии беғаразона, маслаҳатҳою пешниҳодҳо ва фикрҳои ҷолиби некхоҳонашон баён менамояд.

пешина
аз 463
навбатӣ