Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Чуноне ки Луқмони Ҳаким мефармоянд:
«Бигузор ҷилои қимматнокии сарвати хирадмандии Шумо дар фаҳмишатон бошад!
Бигузор ин ҷило дар суханатон ва рафтори роҳбариатон бошад! Бигузор ин ҷило дар қаламу қоғазатон бошад!
Агар арзиши ин сарвати бебаҳоро мардум дар зиндагиатон ёфта тавонанд, онро дар хонаҳо ва китобхонаҳояшон ҷой дода, ҳамарӯза дар зиндагиашон истифода мекунанд.
Вале агар онро аз нофаҳмӣ қадр накунанду нафаҳманд, бурда дар байни кӯҳу об нигоҳ доред, то он ганҷинаи бебаҳоро ба насли оянда расонида тавонед».
Дар ҳақиқат, ҷилвагарии ин ё он сарват дар пуррагӣ ва бенуксонии он мебошад. Барои пурра шудани ин ва ё он фаъолият ва пурра расидан ба зинаи баланди сарварӣ, ҳар як роҳбар роҳи пурмашаққатеро тай хоҳад кард, ки мо оид ба он дар мавзӯъҳои гузашта пурра гуфтаем. Аммо ин ҷо боз фикри дигарро оварданием, ки роҳбари хештаншинос дар ҳама ҳолатҳо ва қабули қарорҳо, роҳи ягонаи хешро дорад, ки ин ҳам бошад, ҳақиқати ақлонӣ буда, дорои арзиши баландтарин аст. Бо ин роҳу имкони қабули қарорҳои дарозмуддатро пайдо карда, онҳоро бо боварии калон иҷро карда метавонад ва аксар маврид ба мақсадаш сарбаландона мерасад. Бояд гуфт, ки вақте ҳақиқат ҳукмрон аст, ҳама қарорҳои роҳбарӣ иҷрошаванда буда, мушкилие вуҷуд надорад. Аммо дар ҳолате, ки фиребгарию дурӯғӣ ва маҳалгароию ҷӯрабозию ноҳақӣ ҳукм дорад, он гоҳ дар ҳар як қадами иҷрои қарори роҳбарӣ он ба ҳақиқати талх рӯ ба рӯ гашта, иҷро намегардад ва агар иҷро низ гардад, норизогии коллективу муҳитгоҳ ба майдон оварда, арзишҳои дигари роҳбариро ба коми ноҳақи худ фурӯ мебарад. Бинобар ин, идеали асосии рафтори роҳбарӣ фақат ҳақиқату ҳақиқатпарастӣ мебошад.
Вақте ки дар нутқи роҳбар ҳақиқат мавҷуд аст, он барои аксарият маълуму шаффоф буда, ӯро ҳамагон оромона қабул доранд. Аммо мавриди ноҳақу нодуруст будан, ҳатто аз забони роҳбар бо эҳсосоти баланди рӯҳӣ хонда шуда, ҳеҷ гоҳ ба дили мардум намедарояд ва ба гӯшашон намефорад. Агар боз ба табиати тоза назар афканем, қувваи тандуру чарогак хеле баланду тез бошад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё