Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мутафаккирони дунё ба майдон омада, насиби ӯ гардидааст ва ба мардуми оддӣ хос намебошад. Пайдо кардани қобилияти иҷрои вазифаҳои бузург, мақсади асосии роҳбарӣ буда, зердастон низ фақат ҳаминро аз роҳбари хеш интизоранд. Мақсадҳои бузург боз талаботҳои бузургро мехоҳад, ки таъмин ва ҳалли дурусти онро фақат роҳбари хештаншинос уҳда карда метавонад, у халос.

Аслан, роҳбари хештаншинос ду сарчашмаи ҷараёнро мебинад ва он кореро, ки вай ба осонӣ иҷро менамояд, натиҷаи меҳнати пурмашаққати фикрию ҷисмонист, ки чандин солҳо заҳмат кашидааст. Аз ин ҷо, ӯ ботамкин, оромона ва боандеша қарори роҳбарӣ қабул ва бо дарки пурраи асосҳои илмию таҷрибавии он кору фаъолият менамояд. Дигар он, ки доимо эҳтиёткор буда, бо ҳисси мураккабии роҳбарӣ ва масъулиятнокӣ воқеиятро баҳо дода метавонад. Ба натиҷаҳои бузурги стратегӣ дар асоси пайдарпании мантиқии иҷрои қарорҳои воқеӣ ноил мегардад. Дар вақти суҳбат ба одамон бошад, ба чеҳраи ҳамсуҳбат диққат дода, хислат, қобилият ва нияти онҳоро дарк ва вобаста аз он қарори роҳбарии хешро қабул менамояд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки роҳбари хештаншинос доимо дар ҳаракати мунтазами асоснок буда, аз сабукӣ ҷӯстан дар канор аст. Сабукӣ ҷӯстан, оҳиста-оҳиста ба гум кардани қобилият ва нобудшавӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, роҳи хештаншиносӣ мушкилу мураккаб буда, доимо аз сарвар кӯшишу ғайрати зиёдро талаб менамояд, ки ӯро ба қуллаҳои баланд мебаранд. Ӯ набояд дар як ҷой давр зада, аз қафои бегонагон равад. Худ, вақте қобилияти иҷрои ин ё он фаъолиятро ба зинаи Олӣ соҳиб мегардад, пайраҳаи навину тозаю пуркуввату бовариноки худро кашф карда, дигаронро аз паи хеш бубарад.

Дар асоси чунин қоида, сарвари хештаншинос медонад, ки дар коллективи менеҷмент набояд кормандони фиребгару дурӯғгӯй ва аз мушкилию мураккабии фаъолият метарсида вуҷуд дошта бошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳамаи аъзоёни коллектив барои роҳбар зарур бошанд ва аз меҳнати онҳо самаранок истифода бибарад. Чунин муносибат ба фондҳо ва воситаҳои корхона низ бояд вуҷуд дошта бошад. Фондҳо ва захираҳои ташкилот бояд доимо дар ҳаракати самаранок қарор гиранд. Пас, маълум мегардад, ки роҳи роҳбари хештаншинос, дар канори роҳ ва ё берун аз ҷамъият набуда, балки дар байни коллектив ва воситаҳои ташкилот мебошад. Дар он ҳолат ӯ метавонад, ки роҳи худро доимо

пешина
аз 463
навбатӣ