Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ақидаи мустаҳкам пайдо менамояд, ки хислатҳои занонаи ӯро нобуд месозанд ва ё хеле кам мекунанд. Ё мувофиқи фаҳмиши фалсафӣ низ, сафедро омӯхта, аз худ карда, сиёҳро намепарастем, некиро фаҳмида, аз бадӣ даст некашем, хурсандиро дарк карда, аз ғамгинӣ худро канор мегирем ва ғ. Бояд гуфт, ки қисме аз пояи ташаккули ақидаи роҳбарӣ хештаншиносиро бояд фаҳмишҳои номбаршуда ташкил намоянд.

Агар дар ақидаи Шумо сабаби ба даст овардани ҳокимият, ягон мақсади ғаразноке бошад, он гоҳ ин ақида устувор набуда, ба мақсадатон намерасед, чунки ҳокимият аслан қувваи Илоҳӣ мебошад. Роҳбариро на бояд ба хотири ҳукмронӣ ҷорӣ намоед. Мақсади роҳбарӣ бояд аз ин ақидаи нодуруст тоза бошад, чунки тамоми ашёҳо дар табиат дар ҳолати инкишофу тағйирёбӣ қарор дошта, қонунияти объективии инкори инкор ва қонуни воқеии аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани ҷисмҳо мавҷуд аст, чунончи:

  1. То вақте нафас гирифтан мавҷуд аст, нафас баровардан низ бояд вуҷуд дошта бошад.
  2. Афзоиши қувва бошад, камшавии қувва низ мавҷуд аст.
  3. Агар болоравӣ бошад, пас боз поёнфароӣ низ дар назар аст.
  4. Агар қувваи некӣ бошад, пас қувваи бадӣ низ мавҷуд аст.
  5. Агар оғоз пайдо гашт, албатта, анҷоме низ вуҷуд дорад.

Хонандаи азиз, ҳар яке аз ин фаҳмишҳои дар боло гуфташуда, боз як олами илми дигар аст. Боварӣ дорем, ки онро ҳар яке бо қобилияту имкони худ омӯхта, аз худ менамоянд. Мо бошад, таъкид бар он дорем, ки ақидаи сарварӣ дар асоси дарки пурраи гуфтаҳои боло ташаккулёбанда, ҳатман нерӯи бузурги ҳаракатро соҳиб гашта, амалӣ мегарданд.

Дарки гуфтаҳои боло сарварро боз ба ташаккули ақидаи фалсафии «қаноат» ҳидоят менамояд. Доимо нигоҳ доштани мувозинати он қувваҳо дарки қаноатмандӣ буда, сарвари хештаншинос ҳеҷ гоҳ ба инкишофи якҷониба роҳ намедиҳад ва дар кадом нуқтае ки набошад, қаноатмандии худро ёфта гирифта метавонад. Барои ин, усули муқоисаро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, яъне, 1, 5, 10 ва 15 сол пеш Шумо дар кадом зина қарор доштед ва имрӯз дар куҷоед. Ё худро ба шахсе муқоиса намоед, ки ҳамсинну солатон буда, ҳамроҳатон 10 сол дар як синф таҳсил кардааст ва имрӯз ӯ дар кадом ҳолат қарор дорад.

пешина
аз 463
навбатӣ