Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ин қувваро монанди нерӯи дарёҳои пуртуғёни Тоҷикистон, ки аз қуллаҳои баланди кӯҳҳои осмонбӯси тоҷик сарчашма гирифта, бо қувваи пурзӯру тавонои тозагию софи хеш, ташнагии одаму замини ин минтақаро шикаста, онро ободу хуррам сохта, аз биёбону даштҳои дигар давлатҳо гузашта, ба баҳру уқёнусҳо расида, ба мувозинати Замину Осмон ҳиссагузоранд, дар худ нигоҳ дорад.
Бояд қайд кард, ки роҳбарии кормандони тозаву донишманду некхоҳ нисбат ба одамони нодону кӯрбин хеле осон аст. Аслан, шахсони кӯрбину нодон доимо ахбори дурӯгеро барои роҳбар пайдо менамоянд. Аз ин рӯ роҳбаре, ки аз ин шахсон ахбор ҷамъ меоварад, ба худ дониши мурда ҷамъ менамояд.
Аммо роҳбаре, ки ақидаи солими худро дар дигарон пайдо намуда, онро инкишоф медиҳад, солимии ақлонияи худро нигоҳ дошта, ташаккул медиҳад.
Аз тарафи дигар, роҳбаре ки ақидаи аз болои дигар шахсон ғалаба кардан дошта бошад, ӯ қувваи муваққатии ҳукмрониро соҳиб гашта, дар як муддати кӯтоҳ ҳам худ ва ҳам ҳокимияташро аз даст медиҳад. Аммо роҳбаре, ки ғалабаро бо роҳи ғалаба бар хеш ба даст оварда бошад, ӯ доимо сарчашмаи инкишофи қувваи роҳбарии хешро пайдо намуда, ғалабаи устуворро доимӣ нигоҳ медорад.
Ҳамин тариқ, нигоҳ доштани мавқеи устувори хеш дар роҳбарӣ, қисми таркибии ақидаи устувори сарварӣ буда, нерӯи хештаншиносии ӯро ҳаматарафа қувват дода, мӯҳлати зиёд ва ҳатто баъди аз дунё реҳлат кардани вай боз даҳҳо насл метавонад зинда нигоҳ дорад. Яъне кору фаъолияти мо моро аз нав бо сифати тамоман наве тавлид месозад, ки нисбати пешин садҳо маротиба қувваю сифати беҳтар дошта, мӯҳлатҳои зиёде зинда мемонем, ки ин ба умри ҷисмонии одамӣ хос нест.
Ҳамин тариқ, мо дар ақидаронӣ ба ҷое расидаем, ки бояд дарки он қувваи офарандагию созандагии бузурги Худовандро пайдо созем, ки мувозинати ҳаракати 100 миллиард ҷисмҳоро дар ҳафт қабати Замину Осмон нигоҳ дошта, ба касе миннат ва аз касе тамаъ низ надорад. Аз ин нуқта, вақте Шумо ҳамчун роҳбар кореро ба анҷом мерасонед, ҳеҷ гоҳ худро набояд соҳиби мутлақи натиҷагирии он шуморед. Вазифаи муқаддаси сарвар ин аст, ки кормандонро доимо ба кор таъмин созад, хӯронад, пӯнонад, аммо ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи маънавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё