Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
гузорад. Чунончи тоҷикон мегӯянд, ки «гулу барг кардани дарахт ния як давраи кӯтоҳ ва нозуки ҳаёти ӯст» ва хирадманди бузурги миллати тоҷик Умари Хайём таъкид бар он доранд:
Бингар, зи сабо домани гул чок шудаст,
Булбул ба ҷамоли гул тарабнок шудаст.
Гул чину мас бихӯр, ки то дар нигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.
Дар ҳақиқат, мо фақат дар чеҳраи кӯдаки навзод, ҳаловати тозаи табиии зиндагониро дида, муайян мекунем, ки ӯ ҳоло аз ҳавои пурдуду ғаливу гуногунранги зиндагонии заминӣ огаҳ нест. Ҳатто, тамоми рӯз гиря ҳам кунад, овозаш дигар нашуда, мувозинати табииро дар худ нигоҳ медорад. Ва бояд таъкид кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ беҳуда намегиряд. Доимо талоши нигоҳдории мувозинатро барои ҷисми нозукаш талаб дорад. Тарбияи дуруст бояд аз ҳамон гаҳвора ва аз рӯи ҳамин қоида сурат гирад. Мо оиди тарбия дар боби дигар сухан хоҳем гуфт.
Бояд гуфт, ки роҳбар вақте ба ҳамин нуқтаи тозаи инкишоф мерасаду онро дарк мекунад, имкон меёбад, ки ҳатто нафасгирии худро идора намояд.
Дар ин нуқта қувваи бузурги рӯҳиеро пайдо менамояд, ки умри худро боз чандин насл дароз намояд. Тамоми мавҷудот ва воситаҳо, вақте ки ба нуқтаи ниҳоии инкишофи худ мерасад «пирӣ» шурӯъ гашта, хоҳишу ғайрату ҳавас кам шудан мегирад. Оиди каҷҳатҳои ҳаётии роҳбарӣ ва мол дар менеҷмент мо дар китоби 2-юми хеш пурра гуфта гузаштаем.
Ин маънои онро дорад, ки роҳбар мавқеъ ва нақши ҳақиқии худро оҳиста — оҳиста аз даст медиҳад. Маҳз, ҳамин нуқтаро сарвари хештаншинос каме пештар дарк карда, оиди кору бори абадзинда ва қонуниятҳои доимӣ зинда мондан, андешаронӣ менамояд.
Инсон фикру ақидаи худро ба воситаи сухан баён менамояд. Сухан барои
роҳбари ба воя расида, бояд доимо мазмуну мундариҷаи дарки илмии масоилро
фаро гирад. Ахборе, ки ба воситаи сухан ба коллектив ва муҳит мерасонад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё