Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
инсонпарастию ҳалимӣ;
боварӣ ва устодии касбӣ;
оиладорию фарзанддорӣ;
ватандорию халқшиносӣ.
Ин қонуниятҳо дар таҳлилу тадқиқоти ҳар як мавзӯи китоб пурра ба инобат гирифта шуда, ҳамчун талаботҳои асосии таъмини хештаншиносии роҳбарӣ дониста шудаанд. Мо хушҳол аз он мегардем, агар ин китоб ҳамчун як роҳнамо, барои ба ин зинаи олии сарварӣ расидани ҳар як фарди соҳибақл кӯмак расонида тавонад ва барои таъмини «Зиндагонии хуб»-и мардуми тоҷик саҳмгузор гардад.
Дар вақти омӯзиши мафҳумҳои дар боло овардашуда банда бо андеша оид ба талаботҳои баланди рафтори инсонӣ аз Худованди бузург таваллои онро намудам, ки ба дили ҳамаи сарварон ин ганҷинаи бузурги ақлониро ворид созанд ва кулли инсоният ба зиндагонии хуб сазовор гарданд. Ва боварӣ дорам, ки ин роҳи ҳақиқату ягонаю неки инсонист, ки Худованди пок моро ба ин роҳ ҳидоят намудааст ва иншооллоҳ ба муроду мақсадҳоямон мерасонанд.
Аз тарафи дигар, дар натиҷаи тадқиқот ва омӯзиши ҳаматарафаи ин илми мураккаби тарбиявию таълимӣ, банда ба хулосае омадаам, ки ҳамаи мо, инсонҳо ба роҳбарии дуруст ва тарбияи ахлоқӣ мӯҳтоҷ буда, барои дар зиндагии худ амалӣ гардонидани рафторҳои наҷиби инсонӣ зарурат дорем.
Инсонҳо аз лаҳзаи ба дунё омаданашон ба арзишҳои баланди инсонӣ хоҳиши бузург дошта, доимо кӯшиш ба он менамоянд, ки ӯро дӯст доранд, эҳтиром намоянд, ба садои дили ӯ гӯш диҳанд, аз ӯ бипурсанд, дар бораи ӯ сухани неке бигӯянд. Агар чунин арзишҳо вуҷуд дошта бошанд, онҳо ҳаловат бурда, аз зиндагонӣ хушнуд гашта, бо дили гарму умеди баланд кору фаъолият менамоянд ва қувваю ғайрату дониши худро дар ин роҳи дуруст сарф карда, рафторҳои некро сазовор мегарданд.
Мисоли равшани чунин як талаботи одамӣ рафтори кӯдакон дар оила мебошад ва доимо ҳаракат мекунанд, ки ба волидайни худ ҳақиқатро гуфта, дурустии рафтори худро исбот намоянд ва бартарии фаҳмиши худро нисбат ба бародаронаш нишон диҳанд. Дар натиҷа, падару модар агар чунин хислати адолатхоҳию ҳақиқатпарастӣ ва дигар рафторҳои хештаншиносиро дошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё