Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Хонандаи азиз, мо акнун ба нуқтае расидем, ки ташаккули менеҷментро аз нигоҳи маданиятшиносӣ, яъне оиди меъёр ва воқеияти рафтори ҷамъиятии одамон, механизми амалигардонии арзишҳои волои хештаншиносии роҳбарӣ ва моҳияти онҳо ба ҷамъият, гуфта гузарем. Оиди омилҳои инкишоф ва тағйироти маданияти иҷтимоӣ ва таъсири он ба ҷараёнҳои гуногуни ҳаётии менеҷмент андешаронӣ карда, кӯшиш менамоем, ки маданиятшиносиро ҳамчун қисми зарурии хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент бароятон муаррифӣ намоем.

Маълум аст, ки маданиятшиносӣ ҳамчун илм равандҳои гуногуни таҷрибаи фаъолияти инсониро омӯхта, вазифаи омӯзиши мафҳумҳои пайдоиш ва алоқамандии маърифатнокиро дар зинаҳои гуногуни этникӣ, миллӣ ва умуман, тамаддуни башар дар бар гирифта, хусусияти хоси маданияти халқу миллатҳои ҷаҳонро дар муқоиса нишон медиҳад. Мавқеъ, сохтор ва ҳудуди имрӯзаи менеҷмент низ хеле мураккаб гардида, доираи халқу миллатҳои гуногунро дар бар мегирад. Аз ин хотир, барои роҳбари имрӯзаи менеҷмент маданиятшиносии иҷтимоӣ қисми таркибии ташаккули хештаншиносӣ ба ҳисоб рафта, барои нигоҳ доштани ҷараёнҳои инкишоф дар ҳудуди корхона, мамлакат ва ҷаҳон хеле зарур мебошад.

Дар ҳақиқат, маданияти иҷтимоӣ нигоҳи навин ва инъикоси бевоситаи арзишҳои воло мебошад, ки дар асоси рафтори воқеии одамон ва тадқиқоти илмӣ - таҳлилии маданият пайдо ва мақсади асосии рафтори гурӯҳи алоҳидаи одамон ва ё ҷамъият гаштааст.

Аз нигоҳи мо, чунин усули омӯзиши маданият имкон медиҳад, ки моҳияти
иҷтимоию иқтисодии рафтори мадании роҳбаронро ба соҳаҳои дигари фаъолияти
онҳо, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, сиёсат, маориф ва дигар муносибатҳои
иҷтимоӣ фаҳмида тавонем. Омӯзиши мо фақат дар нуқтаи маданиятшиносӣ
анҷом наёфта, балки чуқуртар, яъне дигаргуншавиро мо якҷоя бо тағйирёбии
техника ва технологияи истеҳсолӣ, муҳити зист ва шароиту тарзи зиндагии
одамон, системаи сиёсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷаҳонишавии менеҷмент

пешина
аз 463
навбатӣ