Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
маданияти хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон имконияти интихоби роҳи дурусти роҳбариро дар менеҷмент хеле мураккаб гардонидааст.
Дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, миллию байнимиллӣ ва давлатдорию сиёсии Тоҷикистон бошад, муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки аз Амрико ва Ғарб, қисман аз маданияти хоҷагидории гузаштагони миллати тоҷик ва қисман аз боқимондаҳои хоҷагидорию рафтории давлатҳои собиқ Шӯравӣ, аз он ҷумла Россия боқӣ мондаанд, ба вуҷуд омадааст.
Дар натиҷа, меъёрҳо ва арзишҳои волои мадании миллӣ баъзе мавридҳо аз нуқтаи назар дур мемонанд, ки ин ба инкишофи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида истодааст.
Маҳз, дар чунин як ҳолати мушкилу мураккаб сарваронро зарур аст, ки такя ба меъёрҳои баланди маданияти иҷтимоӣ ва миллӣ карда, арзишҳои баланди инсонӣ ва ҳақиқати воқеии табииро пурра омӯзанд. Бо истифода аз арзишҳои волои хештаншиносии роҳбарӣ, ки мо дар боби 51 – 52-юм бахше аз онҳоро маънидод кардем, маданияти навини иҷтимоии тоҷиконро барпо созанд, ки барои дигар халқу миллатҳо намунаи ибрат бошад.
Маданиятшиносӣ худ қисми таркибии маърифати фаъолияти роҳбарӣ буда, шарти асосии таъмини самаранокии мақсадҳо ва нақшаҳои менеҷментро ташкил менамояд. Аз тарафи дигар, ин ҷараён ва натиҷаи амалигардии истеҳсолоти маданият ва танзимгари муносибатҳои истеҳсолию истеъмолии ҷамъиятӣ мебошанд, ки манфиатҳои зерини иҷтимоию иқтисодиро ба менеҷмент мерасонад:
-
Маданияти истеҳсолӣ худ ташаккулдиҳанда ва паҳнкунандаи маданияти иҷтимоӣ, арзишҳо, меъёрҳо, донишу санъату илму идеологияи халқу миллати алоҳида буда, риояи пурраи он ҳамчун омили асосии баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ хизмат менамояд.
-
Маданиятшиносии роҳбарӣ моҳияти худро дар баробари амалӣ гаштани меъёрҳо, арзишҳо, ақидаю донишҳои бахшҳои гуногуни илмию истеҳсолӣ, ки роҳбарон ва кормандони менеҷмент дар ҷараёни андешаронӣ, қабули қарор, баромадҳои расмӣ ва дигар фаъолиятҳои роҳбарӣ истифода мебаранд, пайдо ва ҳамчун далели амалигардонии боигарии миллӣ баромад менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё