Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
маданияти иҷтимоӣ фақат истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ набуда, омили асосии мавҷудият ва вуҷуд доштани халқу миллат мебошад.
- Маданият ҳамчун функцияи гуногуншаклӣ ва нигоҳдории рақобати бозори корхона.
Дар ҳақиқат, маълум мегардад, ки маданият шакли босуботи нигоҳдории рақобати бозори корхона буда, фаъолияти маркетингии менеҷментро пурра дар бар мегирад. Каме пештар одамон аз рӯи системаи динии ба низомдори ЮНИ фаъолият амал намуда, вобаста аз нишонаи дини ислом, христианӣ, буддизм, конфутсизм ва дигарон ҳамкории истеҳсолию молию пулӣ мекарданд. Дар ҳазорсолаи сеюм замоне фаро расидааст, ки маҳдудияти динӣ қариб вуҷуд надорад. Танҳо хусусияти хоси миллию этникӣ ва минтақавию географӣ амал мекунад, ки ин маданияти хоси худро ташаккул дода, аллакай мавқеи байналхалқию ҷаҳониро пайдо намудааст. Дар баробари ин, маданияти универсалии иҷтимоии давлатҳои ҳамсоя ва ҳамдину мазҳабӣ дида мешавад, ки ба зинаи имрӯзаи инкишофи маданияти давлату корхонаҳо вобастагии калон дорад.
Бояд гуфт, ки албатта, дар ин ҳолат ба инобат нагирифтани маданияти баъзе халқу миллатҳои хурд дида мешавад ва дар ин давлатҳо, корпорасияҳои байналхалқӣ ва корхонаю ташкилотҳои давлатҳои пешқадами дунявӣ ҷой гирифта, дар менеҷменти корхонаҳо бо ҷорӣ сохтани маданияти худ кору фаъолият менамоянд. Корхонаҳои хурду заифи ин давлатҳо бошад, барои нигоҳдории бозори хеш ва рақобат дар дохили мамлакат ва ё берун аз он маҷбуранд, ки шартномаи муштарак баста, ба маданияти универсалӣ ризо шаванд. Гарчанде аксар маврид ин боиси паст кардани ҳуқуқи маънавии баъзе халқу миллатҳо мегардад. Барои мо тоҷикон, ки маданияти қадимаи иҷтимоӣ дорем, мебояд пурра барои барқароркунӣ ва инкишофи ҳаматарафаи он кӯшиш ба харҷ дода, арзишҳои волои авлодию аҷдодии хешро, ки ҳазорсолаҳо нигоҳ дошта омадаанд, ривоҷу равнақ дода, ба дигар халқу миллатҳо муаррифӣ намоем. Нуқтаи дигарро низ бояд таъкид кард, ки ривоҷу равнақи маданияти иҷтимоӣ ташаккули давлатдорӣ ва инкишофи миллати тоҷик мебошад, ки мо онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Оиди хиради давлатдорию

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё