Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Маданият ҳамчун доираи маънавии истеҳсолот ҷараёни табиӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва рӯҳии фаъолияти одамонро таҷассум сохта, ташкил, нигоҳдорӣ, азхудкунӣ ва паҳнкунии арзишҳои баланди рафторӣ, дониш, тасаввур ва дарки масоили истеҳсолӣ ва технологиро дар бар мегирад.
Истеҳсолоти маънавӣ гуфта, истеҳсоли моли навин, ихтирооти шакли навини аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи истеҳсолӣ ва хизматрасонию муносибати истеҳсолиро меноманд, ки дар асоси технологияи баланди мадании гузашта ва ҳозира ба роҳ монда шудааст.
Системаи маданияти истеҳсолӣ гуфта, эҷодкорӣ, нигоҳдорӣ, риояву қабул, тақсиму азхудкунии дастовардҳои маданиро дар истеҳсолот меноманд.
Омилҳои мадании меҳнатӣ гуфта, инкишофи касбӣ ва ҳунармандӣ, иҷтимоӣ ва дигар арзишҳои кормандонро меноманд, ки эҳтироми рафтории роҳбарро таъмин месозанд.
Қоидаи асосии истеҳсолиро қоидаҳои рафтори одамӣ ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи истифодаи воситаҳои моддию техникӣ маҳсулоти муайяни иҷтимоӣ тавлид месозанд. Хусусияти фарқкунандаи меҳнати одамӣ низ дар он аст, ки дар худ қобилияти фикррони дошта, мақсаднок равона карда мешавад. Дар натиҷа, инсон муҳити табиӣ ва воситаҳои моддию маънавиро ба худ мувофиқ сохта, дар як давраи муайян кору фаъолият менамояд.
Ҳамин тариқ, мафҳуми истеҳсолот имрӯз на фақат қисми моддӣ-техникӣ, балки боз иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавиро низ дар худ дорад, ки хеле муҳиманд.
Маълум аст, ки инсон ба хӯрока, либос, хонаю ҷои истироҳат талабот
дорад. Барои он, ки инсон талаботҳои хешро дуруст қонеъ гардонад, ӯ маҷбур
аст, ки хонад, касб ва илм омӯзад ва дар яке аз муносибатҳои истеҳсолию
иҷтимоии ҷомеа иштирок намояд. Чунин талаботҳои хешро ӯ бевосита дар
натиҷаи амалӣ гардонидани қоидаҳои мадание, ки ҷамъият пайдо намудааст,
қонеъ карда метавонад. Инсон қоидаҳои мадании гузашта ва имрӯзаро аз худ
карда, қоидаҳои рафтори хешро нав месозад. Оиди зинаҳои ташаккули

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё