Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамааш айби худам шуд ва ҳоло ман низ ба хуни он марде, ки аз тирезаи хонаи мо «парвоз» кардааст гунаҳкорам.
Тоҳир ягон чизро медонистааст, ки боре гуфт:
– Агар калидро ба дасти апаат дода бошӣ кори хуб накардӣ.
– Охир ман ихтиёран калидро ба ў надодам, худаш илтимос кард ва магар ман метавонистам, ки хоҳиши фарзанди падарро рад намоям? Чаро ман ҳамон вақт фикр накардам, ки калид барои ў чӣ лозим аст? Не, ба ҷуз Нигор дар марги он «парвозкарда» касе гунаҳкор нест.
Ў чанд маротиба ба хонаи апаш занг зад, вале касе гўшакро набардошт. Дар нимаи дуюми рўзи чоршанбе худаш азми ба хонаи Нигор рафтан кард, вале ҳамсояҳо ба дидорбинии омаданду вай рафта натавонист. Тамоми шаб мижа таҳ накард, ҳарчанд мефаҳмид, ки бехобӣ на танҳо ба саломатии худаш, балки ба саломатии тифли дар батнаш буда низ зарар дорад.
– Оҳ Нигор, Нигор, ту дар зери бурҷи кадом ситораи наҳс ба дунё омадаӣ? Наход фикри тифли зебоят ва обрўйи шавҳаратро накарда, ҳамроҳи марди бегона ба хонаи ман омадӣ! Оё фикр накардӣ, ки ту ҳамроҳи марди бегона байни ин чор бевори бетонӣ аз чашми мардум пинҳонӣ гуноҳ кардӣ, бехабар аз он ки аз чашми офаридгор чизе пинҳон намемонад...
Барои ҳамин гуноҳоят Худо туро задааст…

Соати 9 – 30 дақиқаи субҳи рўзи пайшанбе матни гуфтугўйи телефонии Муллоев бо зани ношинос ба қайд гирифта шуд. Даҳ дақиқа пас дар утоқи кории сардори ШКД дар иштироки кормандони бахши кофтукови ҷиноятӣ сабти овози ду дилдода аз нав садо дод.
– Муллоев гўш мекунад.
– Ин ман.
– Гўшам ба ту ҷони ширин.
– Ман аз хона баромада сари роҳ ба шумо занг задам, то ки ба ҷойи таъиншуда дар вақташ ҳозир шавед ва сайди худро ҳамроҳ баред.

пешина
аз 408
навбатӣ