Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аввалаш ин, ки рафиқ сардор, ў худро овехтааст, ё ўро овехтаанд, то ҳанўз маълум нест. Дуюм ин ки гурўҳи фаврие, ки шабона ба ҷойи ҳодиса рафтааст, бояд шахсияти мақтулро муайян мекард. Сеюм ин ки хондан то ҳоло ба касе зиён наовардааст. Чорум ин, ки бадбахтии Шумо рафиқ майор дар он аст, ки аз адабиёт фарсахҳо дуред, вагарна ҳеҷ гоҳ чунин андешаронӣ намекардед, фаҳмо!
– Бас кунед! – дод зад Ёров. – Чӣ, ман камбудиҳоятонро дар рўятон гуфтам гунаҳкор шудам. – Аз китобхонии шумо барои кори идора манфиате мерасад? Китоби бисёр хонда бошед ҳам одоби муомиларо бо сардор намедонед. Чун гурба на якбору ду бор ба рўйи сардор чанг задаед…
– Андоза нигоҳ дор, ки андоза накўст, Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дўст, – гўён Абдумаҷидов аз кабинет баромадани шуд.
– Истед! – амр кард сардор.
Акбаршоҳ ба қафо баргашт.
– Деворро об вайрон мекунаду одамро гап, – гунаҳкорона ба сухан оғоз кард сардор. – Намедонам чаро шуморо ин қадар бадгўйӣ мекунанд.
– Ҳар кӣ айби дигарон пеши ту оварду шумурд, Бегумон айби ту пеши дигарон хоҳад бурд, – гуфт капитан ва рухсати рафтан пурсид.
– Майлат, рост ба ташхисгоҳ назди Мелников равед ва аз пайи муайян кардани шахсияти мақтул шавед…
Дар милиса аслан муайян кардани шахсият кори кормандони ботаҷриба буд, вале Ёров бо ин амали хеш мехост ба Абдумаҷидов неш занад. Меликов аз солҳои донишҷўйӣ Акбаршоҳро нағз мешинохт. Он солҳо ў вазифаи сардори ташхисгоҳи тиббӣ– судии ҷумҳуриро бар ўҳда дошт ва ба донишҷўёни факултети ҳуқуқшиносӣ аз фанни «Ташхиси тиббӣ – судӣ» дарс медод ва Акбаршоҳро яке аз шогирдони беҳтарин медонист. Ў ҳамеша номи шогирдро гирифта муроҷиат мекард, гар чанде ин бар хилофи одати аврупоиён буд. Шогирдон ҳам ўро устод мегуфтанд… Мелников аз кабинеташ баромада, дар қабулгоҳ Абдумаҷидовро дид.

пешина
аз 408
навбатӣ