АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Вақте Акбаршоҳу ҳамсараш Насибаро ба мактаб бурданд, аллакай саҳни мактаб пур аз талабагон ва падару модарон буд.
Ҳама тозаю озода, дар даст гулу гулдаста интизори кушодашавии соли хониш буданд. Дар чеҳраи кўдакон шодию нишот ҳувайдо буд. Муаллимон бо фахр ин тарафу он тараф равуо доштанд. Насиба аз дасти амаку холааш дошта, ҳайрон – ҳайрон ба ину он менигарист. Мактаб баҳреро мемонд, ки дар қаъраш ганҷи бебаҳост ва мактаббачагон ҳама чун ғаввос дар талаби ин ганҷ омода буданд. Вале бисёриҳо акнун нияти шиновариро омўхтан доштанд…
... 18 …
Нисфирўзӣ. Курери** КБД мактуби махфиеро оварда ба котиботи ШКД супурд. Баъди даҳ дақиқа мактуб аллакай дар дасти Амириён буд. Ў айнакашро ба чашм гузошта, ба қироати мактуб шурўъ кард…
Ноҳияи Гулистон,
ШКД,
Ба полковник Махсуми Амириён.
Дар асоси дархости Шумо нусхаи телефонограммаи ба воситаи телетайп аз бойгонии Маркази КБД СССР нисбат ба собиқ аскари қатории дивизияи 113, армияи 33– ум Сангов Теша гирифтаамонро бароятон мефиристем… Илова ҳуҷҷатҳо дар ду варақа.
Раиси КБД Ҷ. Ҷобиров
Амириён баъди мутолиаи ҳуҷҷатҳо гўшаки телефони дохилиро бардошта, Абдумаҷидовро пурсид. Навбатдор хабар дод, ки алҳол аз пайи иҷрои супориш аст.
– Баробари омаданаш ба назди ман дарояд, – гуфт ва гўшакро ба ҷояш гузошт.
«Ин Абдумаҷидов ҳам бало, бин то куҷоҳо даст задааст.
Агар корҳо дар асл чунин бошанд, боз хойинеро ҷазо интизор аст.
*Курер – хаткашони махсус.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо