АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Аз Вареников дида, устои беҳтаре дар ин корхона нест.
Ба замми ин мисли дигарон чойпулӣ ҳам талаб намекунанд, – гуфтанд чанд корафтодаи дигар.
Баъди як соат ба «корафтодаи» КБД муяссар шуд, ки автомашинаашро ба назди Вареников дарорад. Ҳамин тавр онҳо шинос шуданд…
... 31 …
Соати даҳ Сиддиқову Акбаршоҳ боз ба завод омаданд.
Акрамов онҳоро ба кабинеташ (ў вазифаи сармуҳандисро ба ўҳда дошт) даъват кард. Дар пиёлаҳо чой рехта, ба дасти «меҳмонон» дод ва худ дари сейфро кушода, як чанд асбоби дар халтаи селофанӣ печондашудаеро болои мизи кориаш гузошт ва чизе ба хотираш расидагӣ барин, рафта дарро аз дарун маҳкам намуд.
– Бинетон, мо касби навро интихоб намудаем, – гуфт ў хандида... ва он чи ки дар дохили селофан буд, бароварда, болои миз гузошт. Дар мадди аввал чизҳои болои миз гузошташуда: қалам, тамокудон, соат диққати касеро ҷалб намекарданд, вале Сиддиқову Абдумаҷидов чи будани онҳоро ҳамоно фаҳмиданд.
– Дишаб ба вохўрӣ рафта, ду соати расо курси пурраи ин асбобҳоро таълим гирифта омадам.
– Дар вохўрӣ киҳоро дидед?– пурсид Сиддиқӣ.
– Як касро дар ду вохўрӣ дидам.
– Мўйсафеди самарқандиро чӣ? – пурсид Акбаршоҳ.
– Дуюмбора ўро надидам.
– Мақсади онҳо чӣ будааст? – пурсид Сиддиқӣ.
– Дар мадди аввал ман бояд як қатор ҳуҷҷатҳоро расм гирифта, ба онҳо диҳам ва агар идораи болоиашон мақбул донад додугирифти мо дурусттар мешавад.
– Шумо чӣ шарт мондед?
– Ба ҳар сурат 100 фунт стерлинг. *
*Фунт стерлинг – пули Британяи кабир, ки қурби 1, 5 долларро дорост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо