АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Бешубҳа бояд ҳамин хел бошад.
– Худойназаров бо собиқ ҳамсараш рафтуомад доштааст?
– Не.
– Пас ў аз куҷо дар бораи Оқил маълумот гирифтааст.
– Инаш то ҳанўз маълум нест, вале ў корманди алоқа аст ва аз эҳтимол дур нест, ки телефони собиқ шавҳар дар зери назорати доимиаш будааст.
– Охир ин худ ҷиноят аст.
– Харбуза аз харбуза ранг мегирад гуфтаги барин Чередниченко ҳам аз собиқ шавҳар баъзе чизҳоро албатта омўхтааст.
– Пас чаро ў ба мулоқот нарафта бошад?
– Вохўриро худи Чередниченко таъин намудааст, вале дар лаҳзаи охир шояд аз тарс бошад, ки ба ҷойи вохўрӣ нарафтааст. Шояд фаҳмида бошад, ки сарвари гурўҳи ғоратгар яроқнок аст ва метавонад ўро ҳам аз қафои собиқ шавҳар ба ҷаҳанам фиристад ва дар ин кор макри занонаро истифода бурдааст. Яъне зани дигареро ба ин кор ҷалб намудааст, ки Сорбони Ҳомид аз пайи муайян кардани шахсияти ўст...
Котиба чой оварда болои мизи алоҳидае, ки дар як кунҷи утоқи корӣ гузошта шуда буд, монда баромада рафт.
Қосимӣ аз ҷой хеста Муҳаббатшоҳро ба чойнўшӣ даъват кард... Сипас, аз қисми поёнии ҷевоне ки китобҳо дошт ду– се лаълича конфетҳои гуногун ва печенӣ бароварда, болои мизи ҷойнўшӣ гузошт ва худ дар рў ба рўйи Ғозиев ба курсие нишаст, ба пиёлае чой рехта ба меҳмон дароз кард...
– Оё телефони ман натиҷае дод? – пурсид Зина.
– Эҳ, Зинаҷон сад афсўс, ки рассом нестам, вагарна симои дўсти собиқ шавҳаратро агар кашида наздат мегузоштам, худат қоил мешудӣ. Пусткандаи гап ҳамин, ки мурданибоб тарсид.
– Гуфти ки бисёр сахимард аст?
– Харҷ агар аз кисаи меҳмон бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад,
– гуфтаги барин ў маро аз пулҳои ба дастовардаи язнамулло зиёфат намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор