Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чоҳкан зери чоҳ, – мегўянд дар урфият.
– Бале. Аммо то ин вақт ба халқ чӣ қадар зарарҳо расонидааст, аз ҷумла ёфтани он ҳаштод ҳазор сўми шуъбаи алоқаи ноҳияи Дўстӣ низ имрўз дар гардани мост.
– Мефаҳмам, Ҳуҷатулло Зиёевич.
– Бисёр хуб, акнун ба назди Қосимӣ рафта, ҳамроҳи кормандони милиса аз пайи ин кор шавед. Ба фикрам амалиёт ба дараҷаи кулминатсионии худ расидааст. Ҳуҷҷатҳое ки барои гирифтани санксия пешниҳод намуданд аз ҳамин шаҳодат медиҳад.
– Маълум мешавад, ки дар набудани ман хеле тағиротҳо шудааст, – гуфт муфаттиш.
– Ҳар он чи, ки рух дод ин танҳо саршавии кор аст ва акнун, ки омадед худ шоҳиди ҳамаи воқеаҳои минбаъда хоҳед шуд.
Барои ин Сорбони Ҳомид ҳамаи “шароитҳоро” муҳаё сохтааст.
– Тай чанд рўзи охир ўро надидаам.
– Гуфтам– ку, ў барои мо ҳама гуна шароитҳоро муҳайё сохта истодааст.
– Ҷавони нағзест.
– Афсўс ки чунин кормандон ангуштшуморанд, – гуфт прокурор, ва бо Муҳаббатшоҳ хайрухуш кард.
Вақте ки Ғозиев аз утоқи кории Зиёев баромад дар берун ҳаворо дар зери пардаи абр дид ва лаҳзае пас қатраҳои аввалини борони барфолуд ба рўяш заданд. Табъи ў болида буд, чунки ин аввалин муждаҳое буданд, ки аз омад – омади зимистон хабар медоданд ва зимистони имсола сербарф хоҳад шуд...
Муҳабатшоҳ аз навбатдор фаҳмид, ки Сорбони Ҳомид нест ва ба утоқи кории Қосимӣ рафт.
Қосимӣ муфаттишро ба рафти воқеаҳои рўзҳои охир шинос кард.
– Маълум мешавад, командири ҳавопаймо сарвари амалиёти дар шуъбаи алоқаи Сафедхок рухдода будааст? – боз пурсид Ғозиев.

пешина
аз 408
навбатӣ