Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Майлатон Ҳуҷатулло Зиёевич, саломи шуморо ба лейтенанти калон мерасонам, – гўён Қосимӣ гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Хайр, ҳоҷати такрор нест, худатон шунидед, ки Зиёев ба Шумо салом гуфт.
– Ташаккур, ки мо бандаҳои осиро аз мадди назарашон дур намондаанд, – нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Сорбон Ҳомид.
Қосимӣ табассуме карда пурсид, ки вазъияти корҳои ҷустуҷўӣ дар кадом ҳолат аст?
Сорбон Ҳомид ду варақи андаке пештар аз ҷузъгир баровардаашро болои мизи кории сардор гузошт.
Подполковник Қосимӣ пас аз мутоила қоғазҳоро ба як гўшаи миз гузошта гуфт:
– Афсўс, ки шумо ҷойи коратонро дуруст интихоб накардаед.
– Чӣ ба ягон хатое роҳ додаам?
– Не, рафиқ лейтинанти калон, вале агар шумо дар Иттифоқи нависандагон кор мекардед, оид ба милиса асарҳои хубе меофаридед.
– Оҳҳо, мо куҷоро нависандагӣ куҷо.
– Ман ҳайронам, ки чаро истеъдоди худро бо дасти худ буғӣ мекунед. Онҳое фикр мекунанд, ки навиштани китоб танҳо вазифаи нависандагон аст хатои маҳз мекунанд. Бо чунин рафтор онҳо аз фоида дида ба ҷамъият зиёни бештаре меоранд, чунки аз бепарвоӣ истеъдодро хор мекунанд.
– Акнун фаҳмидам.
– Агар фаҳмида бошед, дар сари ин масъала низ андеша намоед.
– Хуб шудааст.
– Подполковник Қосимӣ дар ҷавонӣ шеър менавишт ва шеърҳои давраи донишҷўияш дар матбуоти даврӣ чоп шуда буданд ва ниҳоят чун ба милиса рафт ҳамаро тарк кард, вале муҳаббати ў нисбат ба сухан ва суханварон боқӣ монд. Дар муддати як соли сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сарчашма буданаш ба истеъдоди баланди нависандагӣ доштани Сорбони Ҳомид бовари ҳосил кард ва ба қавле имрўз баъди хондани гузориши навбати ўро ба роҳи нависандагӣ ҳидоят кард...

пешина
аз 408
навбатӣ