Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Маълум мешавад, ки барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан Чередниченко хоҳарашро чун лухтаке ба оғўши ҷинояткор партофтааст.
– Ҳа, дар асл ҳамин тавр аст.
– Ба фикрат ин вохўриҳо то ба кай давом мекарда бошанд?
– То замоне ки матлабашон ба даст ояд. Вале то субҳи фардо онҳо бояд чорае андешанд.
– Далел?
– Пеш аз ҳама дуюмбора ба назди хонаи Нуров баргашта, аз байни гулҳои лаби роҳ гирифтани калид, ки шаби гузашта ҳангоми аз таксӣ фаромадан, ноайён партофта буд. Дуюм Чередниченко медонад, ки то субҳи фардо Нуров дар фурудгоҳ навбатдор аст ва имконияти хона омаданро надорад ва имшаб лаҳзаи муносибтаре баҳри ичрои максадҳои нопоки худ ба онҳо муясар нахоҳад шуд...
Агар рафту наоянд чӣ?
Пас ҳарду ҳам аблаҳи гузароянд.
– Набошад ҳарчи зудтар плани ҷобаҷокунии кувваҳоро аз рўйи “Амалиёти ҳавопаймо” тартиб дода, ба назди ман биёрад!
Соате пас плани ҷобаҷокунии қувваҳо болои мизи кории Қосимӣ меистод. Ҳамаи дидбонгоҳо аз рўйи тартиби рақам номгузорӣ шуданд. Ба амалёт худи сардор роҳбарӣ мекард ва ў номи рамзии “Марказ”– ро гирифт...

– Светлана, Светаҷон хез посе аз шаб гузашт.
– Соат чанд?
– Соат бисту сею панҷову чор дақиқа.
– Монед ками дигар хоб кунам, дишаб тамоман нахуфтаам,
– гўён Света ба паҳлуи дигар гашт.
– Пас ба ҷустуҷўи пулҳо намеравем?
Баробари шунидани номи пул хоби Света парид ва ҷаҳида аз чой хест.
– Чаро намерафтаем будааст?– Меравем.
– Марказ, ман якум, ба алоқа бароед. Қабул.
– Якум, Марказ дар алоқа. Шуморо гўш мекунам. Қабул.
– Марказ, ман якум, объектҳо аз хона баромаданд.

пешина
аз 408
навбатӣ