Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Диққат, ман Марказ, ба ҳама! Назоратро аз қафои ҳарду ҳам давом диҳед...
Зина ва хоҳараш ба роҳ баромаданд. Онҳо ду квартал пиёда рафта, сипас автомашинаи танҳоеро ки аз кўча мегузашт манъ намуданд ва як квартал пеш аз хонаи Нуров фаромаданд.
Дар кўча касе наменамуд ва ҳар ду ҳам аз мобайни хонаҳо гузашта то назди хонаи Нуров омаданд. Ҳама дар хоб буданд.
Онҳо ба гирду атроф назар карда, ниҳоят вориди хона шуданд ва аз зинапояҳо ба поён фаромаданд.
Пас аз лаҳзае дари тарафи чапро кушода вориди таҳхона шуданд ва дарро пўшиданд. Андаке пас чароғ даргиронданд ва чароғаки дастии бо худ овардаашон ҳатто лозим ҳам нашуд.
Ҳарду дар байни ашёҳо ба ҷустуҷў даромаданд ва инро аз тирезачаи хурде ки таҳхона дошт баръало дидан мумкин буд.
Пас аз ҷустуҷўҳои зиёде, ки қариб тамоми таҳхонаро тагу рў карданд, дипломати дар хоку чанг олударо ёфта бароварданд ва онро кушода ҳарду ҳам лаҳзае шах шуданд. Пачкаҳои купюри калонро аз дипламат ба халтаи бо худ оварда гузошта аз дар баромаданд.
Рушноии объектив ҳардуро ба худ овард. Онҳо ҳеч гумон надоштанд, ки чунин осон ба даст меафтанд.
– Хуб нест меҳмонро ба ҷиноят кашидан, – гуфт Сорбони Ҳомид ба тарафи Зинаида Андреевна нигариста.
– Мо ҷинояте накардаем.
– Ба фикратон дар соати дуи шаб ба хонаи дигар кас даромадан магар ҷиноят нест?
– Агар кӣ будани соҳиби ин хонаро медонистед.
– Ҳамаашро медонем, Зинаида Андреевна ва дар ин ҷода “хизмати” шумою Светлана ҳам ҳаст. Соҳибхонаро мо имрўз ё пагоҳ ҳам дастгир мекардем, вале “раҳмат” ба шумо ки корро тезонидед.
Дар автомашинаи “Рафик”, ки дар пеши бино меистод акт навишта, дар ҳузури холисон пулҳоро гарифтанд. Светлана хоҳаркалонашро ба он гунаҳкор мекард, ки маҳз бо гуфти ў имрўз ба ин кор даст зад.
– Дигар муқобилят фоидае надорад, – гуфт Зина.

пешина
аз 408
навбатӣ