Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дастамро шикастед, сар деҳ, – дод зад Оқил Нуров .
– Ором шавед, таппончаро сар диҳед, – амр кард лейтинанти калон.
– Лётчик, ки ҳанўз дуқат меистод ба зарби дард тоб наоварда, панҷаҳояшро сар дод. Сорбони Ҳомид дасти рости ҳавопайморо аз кисаи борониаш берун бароварда, қомати ўро рост намуд.
– Гуфтед, ки мўрчаро озор надодаед, пас ба вохўрӣ бо тапонча омадан аз баҳри чист?
– Агар шуморо ҳам ягон кас шантаж мекард, намедонам бо ў чӣ мекардед?
– Кӣ шуморо шантаж кард?
– Гўё ки намедонед...
– Лейтинанти калон, – гуфт кадоме аз ҳозирон.
– Ҳа, рафиқ лейтенанти калон, чун талабаи мактаби такрор кард Оқил Нуров .
– Куштани Аббоси Ғойиб ва Маҳмуд Худойназаров барои шумо басанда набуд, ки боз қасди ҷони ин зан (ў ба тарафи Чередниченко ишора кард) намудед?
– Аввалан ин, ки ман касеро накуштаам рафиқ лейтинанти калон, дуюм агар аз ман гумонбар бошед, бояд гуноҳамро дайн кунед, рафту имрўз ман ин яроқро барои муҳофизати худ аз ягон кас “иҷора” гирифта бошам.
– Бори якум мешунавам, ки яроқро ба иҷора медодаанд.
– Ҳоло шумо ҷавон бисёр чизҳоро намедонед рафиқ...
– Лейтенанти калон, – гуфт касе.
– Ҳа, лейтенанти калон...
Мардуми бисёреро садои тир ба назди кормандони милиса овард. Ҳар кас донистан мехост, ки чӣ вақеа рух додааст. Касе дар ин бора чизе напурсид, зеро он чи ки айён буд, ҳоҷати шарҳу эзоҳ надошт. Мардум мардеро диданд, ки дар дастонаш ҳалқа заданд, яқин донистан, ки гунаҳкор ўст...
Ниҳоят дар ҳузури холисон таппончаро аз киссаи ў бароварданд ва мардум дурусттар зеҳн монда, сурохии сухтаи боронии марди халқабадастро диданд, ки худ гувоҳи кирдорҳои ў буд...
– Халтае ки аз бағали Нуров ба замин афтонда буд, дар пеши пояш меистод.

пешина
аз 408
навбатӣ