Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Марҳамат, халтаатонро бардоред.
– Ин аз ман нест.
– Наход аз пулҳое, ки ба ивази ҷони ду кас ба даст овардаед ва тайёр будед, ки барои онҳо ин касро, шахси сеюмро низ қурбон кунед, ба чунин осонӣ даст кашед, – гуфт Сорбони Ҳомид.
Ў бо чашмони нафратбор гоҳе ба Сорбони Ҳомид ва гоҳе ба он зане нигариста гуфт:
– Чӣ мехоҳед тамоми ҷиноятҳои нокушодаи милисаро ба гардани ман бор кунед?
– Барои шумо ҳамон ҷиноятҳои содиркардаатон басанда аст.
Чанд дақиқа пас автомашинаи милиса Нуровро ба ШКД бурд.
Дар давоми як шабонарўзи аввал ў ҳатто гап назад, талаб мекард, ки бе ҳимоятгар сухане нахоҳад гуфт. Азбаски ҷиноятҳои содиркардаи ў вазнин буданд, хоҳишаш қонеъ гардонида шуд... Барои исбот намудани гуноҳи ў, ки дар километри чордаҳум, субҳи 17 октябр рух дод, лозим шуд, ки сокини қишлоқи Лолазор бобои Назар Обидовро даъват намоянд. Дар бинои прократура, дар утоқи кории Муҳаббатшоҳ Ғозиев мўйсафеди Назар дар байни панҷ нафар Нуровро шинохта гуфт, ки дар ҳақиқат субҳи 17 октябр ҳамин шахс дар маҳаллаи онҳо гаштугузор дошт.
Ниҳоят Оқил Нуров ба тақдир тан дод ва оид ба “корномаиҳояш” баъди анҷоми парвоз дар тайёраи АН – 2, ки муҳлати се моҳро дар бар мегирифт “ҳисобот” дод.
Дар “ҳисобот” омада буд, ки муҳандиси порикоб намудани Аббоси Ғоиб низ худи ўст ва дар ин ҷо хаттоеро намебинад.
Ҳатто ў дар паррондани Худойназаров гунаҳкор аст ва агар нафси бадаш боло намегирифту пулҳоро ду тақсим мекард, имрўз дар камераи яккасаи маҳбасхона интизори такдири ояндаи худ наменишаст...
Чередниченко ва хоҳараш низ “меҳмон” ҳабсхона буданд...

пешина
аз 408
навбатӣ