АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ҳайр чӣ духтарак ба нафаре гап задаст, шояд як ё ду дақиқа?
– Ман ҳам ҳамин суолро ба пиразан додам.
– Чӣ гуфт?
– Пиразан гуфт, ки Обида ва он ҷавон суҳбати тулоние доштанд.
– Чӣ хел тулонӣ?
– Онҳо қариб ним соат бо ҳам суҳбат доштанд, ин аз лаҳзае, ки пиразан онҳоро дидааст, шояд онҳо боз чанд дақиқаи дигаре ҳам сари ин суҳбати ширин будаанд. Пиразан ҳамсоядухтарро хаппаки таги тапак номид.
– Пас ба ин суолҳо аз худи ҳамон мураббия посух гирифтед?
– Бале, вале худи Обида бандаро бовар кунонидани шуд, ки вохўрии вай бо ҳамсабақаш, ки ҳафтае пеш аз хизмати Модар – Ватан омадааст, ниҳоят тасоддуфӣ буд ва беш аз чор – панҷ дақиқа давом накардааст.
– Барои нафаре ки мақсадҳои нопоки хешро амалӣ намояд, ҳамагӣ ду – се дақиқа кофист.
– Баҳс намекунам, вале дар он саҳна Ваня Марозов танҳо не, балки беш аз бист нафар кўдакон машғули бозӣ буданд.
– Дар бораи волидайни писарбача чӣ маълумоте доред?
– Модараш Чернова Нина Анисимова муаллимаи фанни таърих буда, танҳо ба тарбияи писараш машғул аст.
– Падараш дар куҷост?
– Онҳо расман ҷудо шудаанд ва падараш мунтазам алимент ҳам медиҳад.
– Шояд падараш ўро аз боғча гирифтааст?
– Ин ғайри имкон аст.
– Чаро?
– Чунки падараш дар ҷумҳурии мо зиндагӣ намекунад.
– Набошад писарбача куҷо шуд?
– Намедонам.
– Расми писарбачаро оварданд?
– Модараш ваъда дод, ки чун ба хона равад, ҳатман як расми Ваняро гирифта ба милиса меорад.
– Модараш, модараш, гирифта меовардааст,– ғур – ғур кард майор Орзуев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор