АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Шояд ман худам рафта, расмро гирифта биёрам?
– Роҳи дигареро намебинам.
– Набошад бо иҷозати Шумо,– аз чой бархеста гуфт Сорбони Ҳомид.
– Аз пайи кор шавед, рафиқ лейтенант, – гўён майори милиса бо зердасти худ худоҳофизӣ намуд…
Мавҷи хайёлоти курсант аз суръати ҳавопаймо ҳам зиёдтар буд. Тайи чоруним соати парвоз ў ба хулосае омад, ки тақдир чунин гули зебоеро баҳраш туҳфа намуда. Чун ҳавопаймо ба Пулково фуруд омад, ба нею нестони духтар нигоҳ накарда, вайро то хобгоҳи донишҷўён гусел намуд…
Ҳафтае пас ў рухсатнома гирифта, ба назди Нина омад.
Чернова ўро бо ҳамсабақонаш, ки дар як ҳучраи хобгоҳ истиқомат доштанд, ҳамшаҳрӣ гуён муаррифӣ намуд.
Дар вохўрии сеюм курсант донишҷўдухтарро ба тамошои шаҳр даъват намуд ва сабаберо пеш овард, ки Нина сухани вайро шикаста натавонист.
– Тайи чор сол дар ин шаҳр таҳсил дораму то кунун «Эрмитаж»– ро надидаам ва бисёр мехостам, ки ту дар ин «сафар» роҳбаладам гардӣ.
– Бовар намекунам,– хандида бигуфт Нина.
– Ба чӣ?
– Ба он чи Шумо гуфтед.
– Ихтиёратон, вале ман асли воқеаро гуфтам. Боре ҳамсабақони бандаро ба тамошои «Эрмитаж» бурданд, вале мутаасифона он рўз ман навбатдор будам.
– Чӣ илоҷ модоме, ки чунин аст ман розӣ.
Баробари пой ба остонаи «Эрмитаж» гузоштан духтар ба хулосае омад, ки ҷавони ҳамроҳаш буда, на як бору ду бор дар он ҷо будааст, вале каломе ба забон наовард. Онҳо сараввал паҳлуи ҳамдигар мерафтанд, вале ин амал дер давом накард.
Дар ошёнаи дуюми бино духтар дасташро ба зери оринҷи ҷавон гузошт ва ин амал ба ў имконият дод, ки ҳангоми суханронӣ қуввваи камтар сарф намояд. Дар бозгашт ҳарду ҳангоме, ки дар болои купруки дарёи Нива буданд, курсант рози ниҳони дар дил доштаашро ба ҳамсафараш гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор