Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин ба гуфтан осон.
– Чӣ хел?
– Барои акси писарбачаро аз оинаи нилгун нишон додан мактуби расмии сардори раёсати корҳои доҳилии шаҳр лозим.
– Ин магар ягон мушкилие дорад?
– Маълум, ки то кунун бо собуни расмиятпарастон (бюрократҳо) ҷома нашўстаӣ,– оҳ кашида гуфт Файзулло Орзуевич.
Соате пас лейтенанти ҷавон бо дурустии суханони устодаш боварӣ ҳосил намуд ва акси писарбачаро ҳамроҳи хабарнома ба ҳамаи ШКД навоҳии тобеъи марказ фиристодаанд…

Тамоми шаб писарбача Саид Ғайратро хоб набурд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳафтае пеш падар ваъда дода буд, ки субҳи рўзи якшанбе ўро ба моҳигирӣ мебарад.
– Ин чӣ кори кардагиат,– нороҳатии писарбачаи ҳафтсоларо дида ғур– ғур кард модари Саидшоҳ.
– Гумон надоштам, ки чунин мешавад
– Макун бо кўдаку бо ганда бозӣ…
– Инаш рост. Ба фикрам ҳамон лаҳзае, ки ман ба вай ваъда додам ў аз нуги забонам гирифт, –иқрор шуд Ғайрат Талбон ва баробари чашми рўз кафидан аз ҷой бархест. Онҳо пайи ҳам шаст ба об меандохтанд, вале бе натича. Саргарми моҳигирӣ падару писар хело поён рафтанд.
– Дада, дадаҷон,– гуфтани писарбача, ки чанд қадам болотар аз падар ба об шаст андохта буд, падарро ба ташвиш овард, гумон кард, ки пойи Саид лагжидаву… Чун чашм ба тарафи писарбача духт ў лолу ҳайрон дар соҳил буд.
Ғайрат Талбон ба назди писарбача рафт, то бифаҳмад ўро чӣ фикрест дар сар.
– Дада, дадаҷон, ана нигоҳ кунед, – бо дасташ ба сўйи шохоби дигар ишора намуд писарбача.

пешина
аз 408
навбатӣ