Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Магар ин шитобкорӣ нест? – нигоҳашро ба тарафи мусоҳибаш духта пурсид духтар.
– Муҳаббат тавақуфро намепазирад.
– Оё нашунидаӣ, ки гузаштагони мо чӣ гуфтаанд?
– Чӣ гуфтаанд?
– Поспешишь людей насмешишь.
– Модоме, ки чунин аст метавонӣ яку якбора ҷавоб надиҳӣ…
…
– Чаро хомўш шудӣ?
– Чӣ гўям.
– Ҳарчӣ дилат хоҳад.
– Биё, рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба хобгоҳ.
Онҳо дар кўчаҳои шаҳр боз хеле қадам заданд ва дар интиҳо соате пас то пеши хобгоҳи донишҷўён омаданд…

– Ягон хабар ҳаст?
– То кунун не, – нигоҳашро аз нигоҳи Чернова гурезонда ба суолаш посух гуфт лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид.
– Ман ҳам ба назди Шумо рафтани будам.
– Ташвиш накашед, ман худам акси Ваняҷонро мебарам, иншоолоҳ ўро меёбем.
– Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр кўдак аз боғча гум шудааст?
– Дилатонро дур набаред, ҳамааш нағз мешавад.
– Ин ба гуфтан осон, – гўён Нина Анисимовна аз сумкачаи дар дасташ буда, акси ҷигарбандашро бароварда, ба дасти корманди милиса дод.
– Мо кушиш мекунем, ки худи ҳамин бегоҳ, онро тариқи оинаи нилгун нишон диҳем.
– Ҳамаи умедам ба Шумо.
Сорбони Ҳомид бо модари Ваня хайрухуш намуда, ба милиса омад ва андешаи худро оид ба аз оинаи нилгун нишон додани акси писарбача, ба сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Орзуев иброз намуд.

пешина
аз 408
навбатӣ