АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

То он замон хонанда танҳо аз корнамоии ҳомиёни тартибот хабар дошт ва ҳатто ба гўшаи хотир оварда наметавонист, ки дар байни ҳомиёти тартибот ҳам афроди пастфитрат ва қотил ҳам вуҷуд доранд.
Дар ин ҷода метавон асари адиби швед Г.В. Лейф «Симо»- ро ном бурд. Бузургии асари Лейф дар он буд, ки ў тавонист нишон диҳад, ки ба ҳимояи қотил аз мақомоти баландпояи полис сар карда, то вазир бархостанд.
Дар он солҳо барои хонандаи советӣ чунин асар ҳангомаи сахте буд, чунки нависандаи швед натанҳо дарди ҷомеаи кишвари хешро, ки сатҳи болоии ҳомиёни тартиботи он ба коррупсия ғўтида буданд, ба риштаи тасвир кашид, балки нишон дод, ки чунин воқеаҳо танҳо хоси давлатҳои буржуазӣ набуда, дар тамоми давлатҳои сохташон гуногун метавонанд арзи вуҷуд кунанд.
Ишораи Лейфро адибони советӣ ҳам дарк намуданд ва минбаъд дар асарҳояшон ин нуктаро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
– Асаре, ки дар саҳнаҳои он макру ҳила, дурўягӣ ва риёкорӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст, то чи андоза метавонад дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бошад?
– Аз Луқмони ҳаким пурсиданд, ки адабро аз кӣ омўхтӣ, гуфт «аз беадабон, зеро ҳарчи дар аъмоли эшон писанд наомад, аз он даст кашидам». Хонанда ҳам бояд чун Луқмони ҳаким оқил бошад ва ба адиб ташаккур гўяд, ки ўро аз шўру шарри дунё огоҳ месозад. Адиб дар назди хонанда масъулияти бештаре дорад, яъне ба таври ҳақиқӣ баҳо додан ба зиндагӣ. Навиштани асари бадеӣ танҳо чунин маъно надорад, ки нависанда он чиро нависад, ки медонад, ё он чиро ба риштаи тасвир кашад, ки хонанда онро замоне медонисту акнун ба гўшаи фаромўшӣ додаст. Муҳимаш он, ки нависанда бояд он чиро гўяд, ки дигарон қобиляти дарки онро надоранд ва танҳо нависанда метавонад хонандаро сари чунин масъалаҳои муҳими зиндагӣ ба андеша водор созад.
Наср дониши баланд ва ҷаҳонбинии фарохро талаб мекунад.
Барои навиштани як саҳифа сад саҳифа хондан лозим мешавад.
Чун асари бадеии детективӣ асрори ниҳони тафтишот аст, адибро лозим меояд, ки худаш нақши шоҳид, милиса, муфаттиш, ҳимоятгар, пурокурор ва гоҳҳо судро ҳам бозӣ кунад. Дар чунин ҳолатҳо нависанда шоҳмотбози танҳоро мемонад, ки сари тахтаи шатранҷ нишаста, ба ҷойи ҳарифаш низ бозӣ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор