Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нигоҳи Шумо ба адабиёт, ба насри имрўза?
– Аслан адабиёт чун баҳр аст. Аз баҳр ҳама чизро гирифтан мумкин, ба ҷуз об. Аз баҳр нафт мегиранд, моҳӣ мегиранд, намак мегиранд, вале худи об боқӣ мемонад. Агар нигоҳи инсон ба табиат нек аст, он асрҳо дар хизмати мардум мемонад, вагарна аз бепавоӣ ва хунукназарии худи инсон баҳр ҳам хушк мешавад, мисли он ки баҳри Арал ҳоло гирифтори чунин ҳол аст. Адабиёт ҳам чунин аст ва аз беэътиноӣ рў ба таназзул оварданаш мумкин..
Агар миллат китобхон набошад ва рў ба ҷаҳолат оварад, ҳама гуна ҷаҳду талоши адиб беҳуда меравад.
Ба наздикӣ як шиносам аз Ҳиндустон омад ва ҳарчӣ ў дар бораи китобу китобхонӣ нақл кард, ангушти ҳайрат газидам.
Баландии дарахт баробар аст ба решаи ба замин фурў рафтааш.
Эҷод ҳам чунин аст. Ҳар қадар решаи он аз хоки баланд ғизо гирад, ҳамон қадар қимату манзалати асар баланд мешавад. Дар эҷод хоҳиши эҷодкор ҳанўз анҷоми кор нест, агар он бо хоҳиши хонанда ҳамоҳанг нашавад. Ба истиқболи ҳам қадам ниҳодани адибу хонанда, умеди ягона дар эҷоди асари баландмазмун аст.
Адиб ончиро менависад, ки ўро ба изтироб овардааст, агар маҳсули кори адиб чӣ аз нигоҳи илмӣ ва чӣ аз нигоҳи инсонӣ ҷавобгўйи талаботи давр набошад, он барои хонанда чизе дода наметавонад.
Пеш аз оғози асар нависанда мазмун ва масъалаҳои ҳалталабро, ки таваҷҷуҳашро бедор намудаанд, пура дар мизони ақл бояд баркашад. Чунон баркашад, ки гўё асарро аллакай навиштааст. Ин ба ҳамон хотир аст, ки дар ҳолати аз хотир баровардани қисме аз мазмуну муҳтавои асар он ба тамом аз хотири адиб зудуда нашавад ва нависанда тавонад онро дар шакли асосие, ки аз оғоз дар саҳфаи хотираш нақш бастааст, боз ҷо ба ҷо намояд.

– Дар хусуси забони асари бадеӣ чӣ гуфта метавонед?
– Истифодаи забон бо тамоми ҷузъиёташ ғайриимкон аст ва ҳатто нависандагони бузурги дунё ҳам аз ўҳдаи ин кор баромада наметавонанд. Дар ҳеҷ давру замон чунин талабот ҳам набуд ва нахоҳад шуд. Забони адабӣ бояд забони тамоми қишрҳои ҷомеа бошад, на забони қавм ва гурўҳҳои алоҳида. Донистан ва дар асари бадеӣ истифода бурдани зарбулмасалу мақол талаботи ҳусни асарро беш мекунад.

пешина
аз 408
навбатӣ